Сафорати Тоҷикистон дар Русия қазияи марги Раҳима Каримова, донишҷӯдухтари тоҷикро, ки дар Маскав худро ба зери чархи қатор партофт, зери назорат гирифтааст.

Дар ин бора ба “Asia-Plus” аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ҳоло дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Сафорат аз қазияи мазкур дар ҷараён буда, вобаста ба он, дар ҳамкории зич бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия қарор дорад.  Парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва тафтишот идома дорад. Сафорат  қазияи мавриди назарро таҳти пайгирӣ қарор додааст”, - иброз намуданд аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Субҳи рӯзи 9-уми декабр Раҳима Каримоваи 21-cола, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи иктишофӣ-геологии Маскав худро ба зери чархи қатор партофтааст. Дар ин бора аввалин шуда Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд.

Ин расона аз қавли наздикони Раҳима Каримова менависад, ки  чанд моҳи ахир бо номи ӯ дар Инстаграм саҳифае пайдо шуд, ки дар он як нафар аксҳои ӯро дасткорӣ, яъне ба танаҳои  урён часпонида, нашр менамуд ва Раҳимаро чун духтари бадахлоқ муаррифӣ мекард.

Ба нақли яке аз пайвандони Азиза нафаре, ки аксҳои Раҳимаро дар Инстаграм чоп мекард, ахиран навиштааст, ки видеоро интизор бошанд.

“Дигар ба фикрам ҷияни бечораам тоқати ин шантажҳоро карда натавонист”, - гуфтааст Азиза ном холаи Раҳима ба Радиои Озодӣ.

Пайвандони Раҳима Каримова гуфтаанд, ки “он ҷавонро медонанд ва ному насаби ӯро низ ба мақомоти Русия додаанд”.

Қабл аз сӯиқасд ба ҷони хеш, Раҳима Каримова мактубе навишта, аз наздикона узр пурсидааст, ки ба хотири ӯ азият мекашанд, аммо аз касе ном набурдааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин ҳодисаи бадномсозӣ ё шантаж тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нест. Қаблан низ мақомоти кишвар аз ҳолатҳои боздошти ҷавононе хабар додаанд, ки аз роҳи бадномсозӣ мехостанд аз занону духтарон пул ситонанд ё қасос гиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.