Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева бо Манижа Ахмедова мавзуи мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суди зинаи аввалро баррасӣ карданд.

Даъво оид ба беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ ва даъво оид ба қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ чистанд?

Даъво метавонад бо талаби беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ пешниҳод карда шавад. Даъво дар сурате пешниҳод карда мешавад, ки санади ҳуқуқии маъмурӣ ё қисми он ба ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунии даъвогар зарари мустақим ва бевосита (инфиродӣ) мерасонад ё ғайриқонунӣ ҳуқуқҳои ӯро маҳдуд месозад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Даъво бояд дар муддати шаш моҳи баъди шинос шудан бо санади ҳуқуқии маъмурӣ ё қароре, ки мутобиқан бо шикояти маъмурӣ вобаста аст, пешниҳод карда шавад.

Даъво метавонад бо талаби қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ пешниҳод карда шавад. Даъво дар сурате пешниҳод карда мешавад, ки рад кардани мақомоти маъмурӣ аз қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ ба ҳуқуқҳо ё манфиатҳои қонунии даъвогар зарар расонад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Даъво оид ба анҷомдиҳии амалҳо ва даъво оиди эътироф намудан аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?

Даъво метавонад бо талаби анҷом додани амал ё худдорӣ намудан аз чунин амале, ки қабули санади ҳуқуқии маъмуриро дар назар надорад, пешниҳод карда шавад. Даъво имконпазир аст, агар анҷомдиҳии амал аз ҷониби мақомоти маъмурӣ ё рад кардаки анҷомдиҳии амал ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии даъвогар зарар расонад.

Даъво оид ба эътироф намудан бо талаби муқаррар намудани мавҷуд будан ё набудани ҳуқуқ ё муносибати ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад, агар даъвогар ба ин манфиати қонунӣ дошта бошад.

Қоидаҳои умумии мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суди зинаи аввал кадомҳоянд?

Судя ҳақ дорад, дар асоси дархости хаттии тарафҳо, дар мурофиаи судӣ даъворо дар ғайби тарафҳо баррасӣ ва ҳал намояд.

Судя метавонад бо дархости хаттии тараф дар бораи баррасии парванда бо тартиби суръатнок қарор қабул намояд.

Дар сурати баррасии парванда бо тартиби суръатнок судя ҳақ дорад:

- ба шахсони сеюм барои пешниҳод кардани нуқтаи назари худ доир ба даъво мӯҳлат муқаррар накунад;

- мӯҳлати аз ҷониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ вобаста ба таъини экспертизаро муқаррар накунад;

- мӯҳлати аз ҷониби тарафҳо пешниҳод кардани нуқтаи назари худ дар мавриди хулосаи экспетизаро кӯтоҳ кунад.

Пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад.

Амали санади ҳуқуқии маъмурӣ боздошта намешавад, агар:

- ин ба ворид намудани андозҳо, боҷҳо ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ вобаста бошад;

- он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбие, ки дар асоси қонуни дахлдор эълон шудааст, қабул шуда бошад.

Дархости тараф дар бораи боздоштани амали санади ҳуқуқии маъмурӣ метавонад ҳамчунин то пешниҳоди даъво низ изҳор карда шавад. Судя дар мӯҳлати се рӯз дар мавриди дархости тараф қарор қабул менамояд. Нусхаҳои қарори суд бояд дар давоми як рӯз ба тарафҳо фиристода мешавад. Судя ҳақ дорад мӯҳлати боздории амали санади ҳуқуқии маъмурӣ ё қисми онро муқаррар кунад. Агар мӯҳлат муқаррар нагардида бошад, таъиноти суд дар ҳолатҳои зерин эътибори худро гум мекунад:

- баробари эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд доир ба ин масъала;

- аз лаҳзаи даст кашидани даъвогар аз даъво ё шикояти маъмурӣ;

- аз лаҳзаи гузаштани мӯҳлати ба суд пешниҳод кардани даъво.

Агар санади ҳуқуқии маъмурӣ ғайриқонунӣ бошад, суд дар робита бо даъвое, ки дар дар қонун зикр шудааст ва дар боло мо қайд карда гузаштем, дар бораи беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ ҳалнома мебарарад. Агар санади ҳуқуқии маъмурӣ то баровардани ҳалномаи суд иҷро гардида бошад, суд бо дархости тараф дар ҳалнома тартиби бекор кардани иҷроро зикр менамояд. Дар сурати аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ то баровардани ҳалномаи суд, суд ҳақ дорад дар сурати вуҷуд доштани манфиатҳои қонунии тараф ва бо дархости он санади ҳуқуқии маъмурии мазкурро беэътибор донад.

Агар суд эътироф намояд, ки санади ҳуқуқии маъмурӣ бе муайян ва арзёбӣ намудани ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамияти зиёд доранд, қабул шудааст, он ҳақ дорад, масъалаи баҳснокро ҳал накарда, санади ҳуқуқии маъмуриро беэътибор донад ва ба мақомоти маъмурӣ супориш диҳад, ки баъди муайян ва арзёбӣ намудани ин ҳолатҳо санади ҳуқуқии маъмурии нав қабул намояд. Суд ин ҳалномаро мебарорад, агар барои беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурии манфиати таьхирнопазири қонунии тараф вуҷуд дошта бошад.

Ҳалномаи суд дар бораи беэътибор донистани, санади ҳуқуқии маъмурӣ эътибори ҳатмӣ дорад. Агар беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ ба амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ сахт таҳдид намояд ё боиси хеле зиёд гардидани хароҷоти буҷети давлатӣ шавад, суд ҳақ дорад ба ҷойи беэътибор донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ онро аз эътибор соқит донад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.