Рӯзи 17 декабр дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт рӯйдоди деринтизори мусиқии сол - Tarona Music Award - 2022 (Ҷоизаи мусиқии Тарона - 2022) баргузор гардид. Тамошобинон аз таронаҳои писандидатарин (хитҳо)-и тоҷикии соли гузашта баҳра бурда, сарояндаҳо барои комёбиҳои эҷодии худ ҳайкалчаҳо (статуэтка)-и ҷолиб гирифтанд.

Tarona Music Award бо пайраҳаи сурх, ситораҳои эстрада ва мухлисону ҳаводорон натиҷаи арзандаи соли гузашта гардид. Меҳмононе, ки рӯзи шанбеи гузашта омада буданд, тавонистанд сарояндаҳои дӯстдоштаи худро ба таври зинда бубинанд, бо онҳо селфи кунанд ва аз ҳама муҳим, таронаҳои дӯстдоштаи худро бишнаванд.

1/48

Дар толори консертӣ шонздаҳ нафар сарояндагон ҳунарнамоӣ карданд: Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов,  гурӯҳи “Авесто”, Сафармуҳаммад ва Меҳрнигори Рустам, Мадина Ақназарова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Мубориз Усмонов, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов.

1/36

Имсол бори нахуст ба гурӯҳи The Daze, Ҷаҳонгир Зарипов, Зулайхо Мамадшоева, сарояндагони ҷавон Фаррух Ҳасанов, Рустам Азимӣ ва Ёсамин Давлатова ҷоизаи Tarona Music Award тақдим шуд.

1/34

Соли равон Tarona Music Award ба 20-солагии Радиои “Азия-Плюс” - аввалин радиои мустақили Душанбе бахшида шуд. Радиои “Азия-Плюс” соли 2002 ба туфайли дастгирии бевоситаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт.

Ҷоизаи мусиқии радио - “Суруди сол”, ки бори нахуст дар толори кинову консертии “Кохи Борбад” доир гардид, аз ҷониби сарвари давлат дастгирӣ ёфт. Он замон президент ҳамроҳи аъзои ҳукумат шахсан ба маросим омада, ҳатто ҳамроҳи Сироҷиддин Фозилдов таронаи “Гӯшаи бом”-ро якҷоя сароиданд.


Аз он замон вақти зиёде гузашту бисёр чизҳо тағйир ёфтанд... Аммо соли гузашта Радиои «Азия-Плюс» тасмим гирифт, ки ҷоизаи мусиқии худро бо номи нав – Tarona Music Award, ки анъанаҳои пуршарафи Суруди Солро идома дод, эҳё кунад. Соли дуюм аст, ки писандидатарин таронаҳои сарояндаҳои тоҷик барандаи ҷоиза шудаанд.

Яке аз барандагони аввалин ва доимии ҷоизаи мусиқии «Азия-Плюс» гурӯҳи «Авесто» аст. Рӯзи шанбеи гузашта дар «Tarona - 2022» овозхони гурӯҳ Таҳмина Рамазонова меҳру муҳаббати худро ба шунавандагонаш чунин баён кард:

“Аз иштирок дар ин маросими пуршукӯҳ хеле шодем. Барои мо муҳим аст, ки сурудҳои мо садо диҳанду зинда бошанд ва мухлисонамон онҳоро шунаванд! Ба Радиои «Азия-Плюс» ва тамоми ҳаводорони мусиқии эстрадӣ изҳори сипос мекунем. Зеро маҳз ба шарофати онҳо сурудҳои мо зиндаанд ва мо дар ин саҳна ҳунарнамоӣ мекунем!”.

Меҳмони махсуси маросими "Тарона-2022" Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Ҷӯрабек Муродов буд, ки рӯзи 24 декабр 80-сола мешавад. Таҳти кафкӯбиҳои толор ба ӯ барои саҳми барҷастааш дар рушди санъати мусиқии тоҷик ҷоизаи махсуси радиои «Азия-Плюс» супурда шуд. Тамошобинон аз ҷояшон хеста, ба Устод кафкӯбӣ карданд!


Баргузории чунин маросими ҷолибу бузург бидуни дастгирии сарпарастон ғайриимкон аст. Шарики кулли Tarona Music Award – 2022 бренди Noorooz аст, ки аз ҷониби соҳибкори маъруф Наврӯз Усмонов таъсис ёфтааст. Оператори мобилии O Mobile, бонки пешрафта ва муваффақи кишвар - “Ориёнбонк”, корхонаи истеҳсолии “Сиёма”, ширктаи суғуртаи “Асри 21”, ширкати заргарии “Тоҷик Кристалл”, интернет-провайдери насли нав NETS, ширкати сармоягузории FIFTYFIVE Group ба сифати шарикони маросим саҳмгузорӣ карданд. Таъмини амнияти баргузории маросимро агентии Red Line бар дӯш дошт.

“Ман ҳамчун як ватандӯсти ҳақиқӣ ифтихор мекунам, ки дар кишвари мо чунин чорабиниҳо баргузор мешаванд, — гуфт зимни суханронӣ дар ин маросим асосгузори бренди Noorooz Наврӯз Усмонов. - Шодам, ки бо “Азия-Плюс” ҳамкорӣ дошта, дар ин маросим ба сиафати шарик саҳм мегузорем. Илова бар ин, он дар охири сол баргузор мешавад. Табъи болидаи сокинони шаҳр дар арафаи Соли нав хеле муҳим аст!”.


Tarona Music Award анҷоми арзандаи соли мусиқии Тоҷикистон аст. Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дӯстон ва шарикони худро бо Соли нави 2023 табрику таҳният гуфта, барояшон сулҳу сафо, меҳру муҳаббат ва ободиву саодат орзу мекунем! Дар мавҷи 107FM (104,4 – дар Хуҷанд) моро гӯш кунед, дар ҳамаи платформаҳои рақамӣ ва газета пайгири хабарҳои мо бошед!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.