Рӯзи 24-уми декабри соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”-ро имзо кард ва ҳадафи он гиромидошти хотираи шахсоне, ки ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии кишвар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалок шудаанд, мебошад.

Қонуни мазкур дар пасманзари муноқишаи мусаллаҳона миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябри соли гузашта, ки дар натиҷаи он даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуданд, қабул гардид.

Ин қонун аз 6 боб ва 24 модда иборат буда, сиёсати давлатиро оид ба гиромидошти хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, низоми тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маданию маърифатӣ, ахлоқӣ, ташкилӣ ва тадбирҳои дигарро пешбинӣ менамояд.

Аз ҷумла, ташаккули мафкураи ҷамъиятӣ бо мақсади эҳтироми хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан, арҷгузорӣ ба оромгоҳи ҳалокшудагон, ба қайди давлатӣ гирифтани чунин оромгоҳҳо, ҷойҳои таърихии корнамоии ҳалокшудагон, бунёди маҷмааҳои ёдбуд ва обод гардонидани онҳо, нашри китобҳо, асарҳои таърихӣ ва офаридани филмҳои ҳуҷҷатию бадеӣ дар хусуси қурбониёнро мушаххас менамояд.

Тибқи муқаррароти ин қонун хотираи иштирокчиёни ҶБВ, шаҳрвандоне, ки дар рафти муҳориба, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ баҳри ҳифзи Ватан ҳалок шудаанд, шаҳрвандоне, ки дар роҳи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва сохтори конститутсионии Тоҷикистон ҷон нисор кардаанд, онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар барои ҳифзи манфиату амнияти Тоҷикистон қурбон шудаанд гиромӣ дошта мешавад.

Ҳамчунин, номи онҳое, ки ҳангоми ҳифзи Ватан ё дар ҳудуди давлатҳои дигар дар рафти иҷрои вазифаи ҳарбӣ ҷароҳат бардошта вафот кардаанд, дар рафти иҷрои вазифаҳои ҷангӣ бедарак шудаанд ё ба асирӣ афтида қурбон шудаанд, дар ҳолати нигоҳ доштани шаъну шараф ва хиёнат накардан ба Ватан, инчунин онҳое, ки дар ҳайати фармондеҳӣ ва ақибгоҳ корнамоӣ нишон додаанд, ҷовидон гардонида мешавад.

Дар асоси ин қонун, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ҳангоми ҳифзи Тоҷикистон ҳалок шудаанд, низ қадршиносӣ мешаванд.

Мутобиқи қонуни мазкур мавзеъҳои амалиёти ҷангӣ, қисмҳо, ҷузъу томҳо, идораю муассисаҳои ҳарбӣ ва ташкилотҳои дигар, ки ҳангоми ҳифзи Ватан корнамоиҳои бузургу барҷаста нишон додаанд, чун рамзи қаҳрамонӣ, матонату мардонагии халқ ворид ҷовидон гардонида мешаванд.

Ин қонун муқаррар мекунад, ки пос доштани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст.

Хотираи муҳофизони Ватан ва маконҳои қаҳрамонӣ тавассути гиромидошт ва ободонии оромгоҳ (қабр)-и ҳалокшудагон, гузоштани санги қабр, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳи чунин шахсон, бунёди иншооту маҷмааҳои дигари ёдбуд ва нашри маълумот дар ВАО гиромӣ дошта мешавад.

Таъсиси осорхона ва лавҳаҳои ёдбуд, ташкили намоишгоҳҳо, бунёди нишонҳои ёдбуд дар муҳорибагоҳҳо, эҷоди асарҳои адабию фарҳангӣ, ҷойгир кардани корнамоиҳои муҳофизон дар барномаҳои таълимӣ аз ҷумлаи дигар шаклҳои гиромидошт гуфта мешавад.

Ҳамчунин, роҳандозии корҳои ҷустуҷӯйию таҳқиқотӣ дар самти пайдо намудани номи гумшудагон, ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои таълимӣ гузоштани номи қурбониён, шаҳрванди фахрии ҷумҳурӣ ё шаҳру ноҳия эътироф кардан, муқаррар кардани санаҳои ёдбуд, баргузории ҳамоишҳои фарҳангию сиёсӣ ва илмию таърихӣ дар рӯзҳои ёдбуд намунаи дигари ёдбуд мебошад. 

Дар моддаи 9 гуфта мешавад, ки оромгоҳҳои ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан бояд дар қайди давлат бошанд ва дар сари қабри ҳар яки онҳо нишони ёдбуд гузошта, вобаста ба он ҳуҷҷат тартиб дода мешавад.

“Ҷасади ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн карда (аз нав ба хок супурда) мешавад. Дар ин ҳол, ба ҷо овардани расму оини динӣ манъ карда намешавад”, - омадааст дар қонуни мазкур.

Масъулияти дафн, нигоҳубин, ободонӣ ва муҳофизати оромгоҳи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан ба зиммаи ҳукумати шаҳру навоҳӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот вогузор мегарданд. 

Гуфта мешавад, ки интиқоли худсаронаи қабри муҳофизони Ватан манъ аст.  Иҷрои корҳои заминӣ, сохтмонӣ, роҳсозӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи онҳо метавонанд, оромгоҳҳои ҳалокшудагон осеб бинанд, танҳо бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ ба ҷо оварда мешаванд.

Хароҷоти тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои хайриявӣ таъмин карда мешавад. 

Дар моддаи 22-и қонун гуфта шудааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва қурбон шудани чандин сарбози кишвар, хотираи чанде аз онҳо бо номгузории мактабу кӯчаҳо гиромӣ дошта шуд.

Аз ҷумла, чанде пештар дар шаҳри Хоруғи ВМКБ як маҳалла ба номи Олимназар Холиқназаров, подполковники дар марз ҷонбохта гузошта шуда, дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд пешниҳод гардид, ки кӯчаи марказие ба номи Ҳодихон Султонов, афсари дигари ҷонбохта, гузошта шавад.

Ҳамчунин, пешниҳод гардида буд, ки дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва Айнии вилояти Суғд ду мактаб ба номи Шуҳратҷон Наҷмиддинов ва Хирадманд Усмонзода, афсароне, ки ҳангоми муқобила ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон қурбон шуданд, гузошта мешаванд. То кунун, маълум нест, ки чаро ин номгузорӣ то ҳол анҷом дода нашудааст.

Қаблан дар Исфара 9 кӯчаро дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои Чоркӯҳ ба номи қурбониёни муноқишаҳои марзӣ гузошта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.