Сабаби норасоии табибон дар минтақаҳои Тоҷикистон ба Русия барои кор рафтани мутахассисони варзидаи соҳаи тибби кишвар будааст. Дар ин бора Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон имрӯз, 8-уми феврал, дар нишасти хабарӣ, иттлоъ дод.
Ӯ, ки дар робита ба сабаби норасоии 500 табиб дар минтақаи Кӯлоб, гуфт, ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дигар донишгоҳҳои тиббии хориҷиро мутахассисони зиёд хатм мекунанд, вале сабаби норасоии табибон тарки Ватан карда, ба Русия барои кор рафтани аксари табибони пуртаҷриба мебошад.
“Барои ҳамин дар мо табибон намерасанд, аммо рӯзе мерасад, ки ин табибон боз ба Ватан бармегарданд ва ба кори худ идома медиҳанд”, - гуфт Убайдулло Қурбон.
Бояд гуфт, ки солҳои охир коршиносон аз норасоии мутахассисони соҳаи тиб зиёд мегӯянд ва таъкид мекунанд, ки дар ин самт бояд ҳатман чораандешӣ карда шавад. Махсусан, дар минтақаҳои Тоҷикистон норасоии табибон ба таври рӯшан эҳсос мешавад ва аҳолии дурдасти манотиқи дур аз марказ, барои табобат ва ё ҳатто ташхис маҷбур мешаванд, ки ба маркази вилоят ва ё ҷумҳурӣ раванд. Зеро дар аксари навоҳии дурдасти кишвар табибони оилавӣ, анестизиолог-реаниматолог, педиатр ва анестизиологҳо намерасанд.
Махсусан, пас аз оғози раванди муҳоҷират ба Русия, табибони зиёди кишвар тарки пеша карда, ба ин кишвар сафар кардандю Бо гирифтани шаҳрвандии Русия муқими ин кишвар гардида, фаъолияти худро дар ин самт идома дода истодаанд.
Қаблан вазири тандурустии кишвар норасоии табибон дар тамоми ҷумҳуриро тасдиқ карда, гуфта буд, ки сабаби асосии он муҳоҷирати табибон аст. Ба қавли вазири сабаби тарк кардани табибону ҳамшираҳои тиббиро пешниҳод шудани барномаҳои махсус ва имтиёзҳо аз ҷониби кишварҳои дигар, махсусан, ҳамсоя маънидод карда буд.
- Кишварҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисони соҳаи тиббӣ барномаҳои махсус ва имтиёзҳо таҳия кардаанд. Аз ин рӯ, табибон барои ба даст овардани имтиёзҳо ба ин кишварҳо мераванд,- гуфта буд вазири тандурустӣ.
Ба гуфтаи вазир танҳо дар 6 моҳи соли 2022 дар умум 674 табиб ва 1 ҳазору 350 ҳамшираи шафқат Тоҷикистонро тарк карда, ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.
Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 20797 табиб ва 60329 корманди миёнаи тиб кор мекунанд.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста