Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз боришоти пуршиддат дар рӯзҳои наздик огоҳ мекунад.

Тавре ки ин ниҳод хабар медиҳад, рӯзҳои 15-17 феврали соли ҷорӣ дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ба амал омадани боришот (борон, барф)-и бошиддат пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6º гарм, рӯзона 9+11º гарм мешавад.

Пагоҳ, 16 феврал дар пойтахт ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон борон борида, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7º гарм, рӯзона 13+15º гарм мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.