Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар робита ба густариши бемории вабо (холера) дар кишварҳои дигар зарурати пурзӯр кардани назорати эпидемиологӣ дар марзро намебинад. Аммо ин ниҳод оид ба хуруҷи бемории вабо дар чанд кишвари Африқо ва Сурия ба мутахассисони худ дар марз хабар додааст.

Сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба “Азия Плюс” гуфт, ки дар Тоҷикистон хатари хуруҷи бемории вабо вуҷуд надорад.

“Мутахассисони мо дар гузаргоҳҳои марзӣ аз ин беморӣ огоҳанд ва медонанд, ки чӣ гуна чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст. Аз ин лиҳоз, ҳоҷат ба пурзӯр намудани назорати эпидемиологӣ дар марз нест”, - таъкид кард ӯ.

Ӯ хабар дод, ки дар Тоҷикистон беш аз 20 сол пеш, яъне дар соли 2003 мавориди бемории вабо сабт шуда буд.

Наврӯз Ҷаъфаров қайд кард, ки беморӣ ҳамеша ногаҳон оғоз меёбад.

“Чизи асосие, ки шумо бояд ба он диққат диҳед, ин ҳарорати муқаррарии бадан ва набудани дард дар шикам аст. Ҳангоми вабо  дар аввал танҳо дарунравӣ рух медиҳад, одатан шабона ё субҳ, қайкунӣ дертар ҳамроҳ мешавад. Давраи инкубационии беморӣ аз чанд соат то панҷ рӯз давом мекунад”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, ба далели густариши бемории вабо дар Африқо ва Сурия назоратро дар марз шадидтар кардаанд.

Ба таъкиди Tengrinews.kz Роза Қоҷапова, сардори Раёсати назорати эпидемиологии бемориҳои сироятии Кумитаи назорати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Қазоқистон изҳор доштааст, ки дар як қатор кишварҳои ҷаҳон мушкили гирифторӣ ба бемории вабо коҳиш меёбад.

Ба гуфтаи вай, тайи 10 соли ахир дар Қазоқистон ягон мавриди гирифторӣ ба бемории вабо ба қайд гирифта нашудааст.

“Новобаста аз он, ки имсол вазъи ҷаҳон мураккабтар шудааст, сифати об ҳам барои обанборҳои нӯшокӣ ва ҳам барои обанборҳои кушод пайваста назорат карда мешавад. Имрӯз, тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, дар Қазоқистон хатари хуруҷи вабо вуҷуд надорад”, - гуфтааст Роза Қоҷапова.

Вабо як бемории шадиди сироятии дарунравӣ буда, барои одамон хатари хоса дорад. Онро бактерияҳои Vibrio cholerae ба вуҷуд меоранд. Ба воситаи даҳон ворид шуда, бактерияҳо ба луобпардаи рӯда таъсир карда, кори ҳозимаро вайрон мекунанд. Он тавассути дасти ифлос, ашё, зарфҳо, ғизо ва об мегузарад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.