Китоби нави Абдухалил Холиқзод бо номи “Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки бештар ба ковиши қуввату заъфҳои кишвар бахшида шудааст, дирӯз, 15-уми март, бо ҳузури нависандагону рӯзноманигорони шинохта, дар Душанбе рӯнамоӣ шуд.

Дар ин китоб ёддошту мушоҳидаҳо ва афкори муаллиф гирдоварӣ гардидааст, ки солҳои гуногун навишта шудаанд.

“Матлабҳое, ки дар ковиши заъфҳо навишта шудаанд, ба сони оинаанд, ки муаллиф ҳамроҳ бо пешниҳодҳои созандаи худ дар рӯбарӯи мухотаби ҳамватани худ гузоштааст. Мақсад аз оинадорӣ бармало кардани заъф баҳри рафъи он аст. Ба оина наметавон шӯрид, шӯридан ба оина худшефтагист, ки дар тиб онро беморӣ медонанд!”, - зикр мешавад дар сарсухани китоб.

Муаллиф ин номаро ба ду сабаб навиштааст: нахуст, ин ки иншо кардан тақозои табиаташ гашта ва дувум, натавонистааст ба тақдири миллату кишвараш бетафовут бошад.

Абдухалил Холиқзода

Гуфта мешавад, ёддошту мушоҳидаҳои нависанда дар солҳои гуногун навишта шуда бошанд ҳам, тарзе чида шудаанд, ки дар дарки мухотаб халал эҷод намекунанд.

Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман" ҳам бо хаттии кирилӣ ва ҳам бо хатти форсӣ ба табъ расидааст ва барои доираи васеъи хонандагон пешниҳод мешавад.

Дар маросими муаррифии китоби ҷадид нависандаи тоҷик Сорбон, нависанда ва адабиётшинос Қодири Рустам, ҳуқуқшиноси шинохта Ойниҳол Бобоназарова, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон, рӯзноманигор Умед Бобохонов, таърихнигор Сайфулло Муллоҷон ва дигар намояндагони аҳли адаби кишвар иштирок карда, андешаҳои худро оид ба китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” иброз доштанд.

Маросими муаррифии китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар бинои "Шарқи озод"

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдухалил Холиқзода дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст.

Соли 1983 ба факултаи шарқшиносии  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, давоми таҳсил муддате дар Ҳиндустон коромӯзӣ кардааст.

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Абдухалил Холиқзода ба тиҷорат машғул шуд ва миёни ҷомеа ҳамчун соҳибкор шинохта гардид.

Ӯ соли 2008 Бемористони байналмилалии Ибни Синоро дар Душанбе таъсис дод, ки ҳоло низ фаъол аст.

Дар баробари тиҷорат, Абдухалил Холиқзода аз эҷод низ дур нашуд ва соли 2018 китоби "Моҷарои рафта"-и худро нашр кард.

Ҳамчунин, ӯ нашри Девони Рӯдакӣ ва китоби дувуми "Сармаддеҳ"-ро сармоягузорӣ намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.