Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем.

Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи расмиёти маъмурӣ дар самти додани қитъаи заминро баррасӣ карданд.

Қоидаҳои умумии расмиёти маъмурӣ дар самти додани қитъаи замин кадомҳоянд?

Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Даъвои заминҳои авлодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад.

Қитъаи замин-қисми замин бо ҳуқуқҳои муайян нисбат ба он, ки гурўҳи муайян ва намуди иҷозатдодашудаи истифодабарӣ, сарҳади муайяншуда, майдон ва ҷойгиршавӣ дорад

Заминистифодабаранда-шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин ба ў бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ ё бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудааст.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо асосҳо, шартҳо ва андозае, ки Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ба даст оваранд ва бегона намоянд.

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ қитъаҳои замин бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии ин қитъаҳои замин дода мешаванд.

Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он объекти махсуси муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ буда, метавонад предмети хариду фурўш, тўҳфа, иваз, иҷора, гарав ва дигар аҳдҳо бошад ва инчунин ба тариқи мерос ва бо тартиби умумии ба даст овардани ҳуқуқ, ки қонунгузории замин ва қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, ба дигар шахс гузарад.

Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тариқи бемузд ё музднок дода мешавад.

Қитъаҳои замине, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудаанд, танҳо мувофиқи таъиноти мақсадноки онҳо истифода бурда мешаванд.

Заминистифодабарандагон кадом ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳоро доранд?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабарандагон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд заминистифодабарандагони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бошанд.

Заминистифодабарандагони якумдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи истифодаи бемўҳлат, мўҳлатнок ва ё якумраи  меросии заминро доранд.

Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки қитъаҳои заминро дар асоси шартномаи иҷора ва ё созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ истифода мебаранд.

Заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқ доранд:

-мустақилона дар замин хоҷагидорӣ намоянд;

-молики маҳсулоти кишоварзию даромади фурўш аз он бошанд;

-аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи қитъаи замин, инчунин аз дигар ҷиҳатҳои муфиди замин тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти хоҷагиашон истифода баранд;

-тибқи талаботи Кодекси замин, манзил, иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва дигар сохтмону иншоотро бунёд намоянд;

-молики кишт, зироатҳои кишоварзӣ ва ниҳолҳои шинонидашуда бошанд;

-мустақилона бе дахолати мақомоти давлатӣ дар мавриди ҳуқуқи истифодабарии замини бо ҳуқуқи бегона намудани он гирифташуда (ба даст овардашуда) аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ (хариду фурўш, тўҳфа, иваз, гарав ва ғайра) банданд;

-қитъаи заминро ба иҷора диҳанд;

сервитути хусусиро (ба розигӣ асосёфтаро) ба қитъаи замин муқаррар намоянд;

-ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро ба гарав монанд;

Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа ҳуқуқ доранд:

- заминро мувофиқи шартҳои муайяншуда истифода баранд;

- бо розигии иҷорадеҳ замини ба иҷора гирифташударо ба иҷораи фаръӣ (субаренда) диҳад;

- аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи қитъаи замин, инчунин дигар ҷиҳатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби муқарраргардида истифода баранд;

- дар мавриди пеш аз мўҳлат қатъ гардидани шартномаи иҷора ҷуброни хароҷотеро, ки барои беҳтар намудани ҳолати замин аз ҳисоби худ сарф кардаанд, гиранд;

- дар мавриди пеш аз мӯҳлат бекор гардидани созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба ҷуброн кардани зиёне, ки вобаста ба беҳтар намудани ҳолати замин ба заминистифодабарандаи дуюмдараҷа расидааст, агар созишнома аз ҷониби заминистифодабарандаи дуюмдараҷа бекор нагардида бошад;

Заминистифодабарандагон ўҳдадоранд:

- заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда истифода баранд;

- замини додашударо самаранок истифода баранд ва аз технологияи барои ҳифзи табиат пешбинишудаи истеҳсолот истифода намуда, ба бад шудани вазъи экологии маҳал дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ роҳ надиҳанд;

- барои ҳифзи замин маҷмўи чорабиниҳоро амалӣ намоянд;

- сари вақт андоз ва иҷорапулии заминро супоранд;

- ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд;

- маълумоти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи оиди вазъу истифодаи заминро сари вақт ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд;

- нишонаҳои марзӣ, геодезӣ ва дигар нишонаҳои махсусро ҳифз ва ҳимоя намоянд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.