Пагоҳ, 27-уми апрел, ҷашнвораи театрии ҷумҳуриявии “Парасту-2023” оғоз мешавад ва дар он ҳамаи 18 театри касбии Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҷашнвораи “Парасту-2023” ба 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва 85-умин солгарди зодрӯзи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида шудааст.

Дар назар аст, ки театрҳои касбӣ бехтарин намоишномаҳои худро ба мухлисони санъати театрӣ ва ҳайати доварон пешкаш мекунанд.

Дар чаҳорчӯбаи ҷашнвора-озмун дар баробари намоиши намоишномаҳо, бо ширкати театршиносон мизҳои мудаввар низ баргузор мешавад.

Ҳар рӯз дар саҳнаҳои театрҳои пойтахт ду-се намоишнома ба саҳна гузошта мешавад. Дохилшавӣ ба ҳама намоишҳо ройгон аст.

Барномаи фестивал:

1/3