Имрӯз, 4-уми май, соати 17:30 ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” дар Душанбе ҷамъбаст хоҳад шуд. Пеш аз маросими ҷамъбаст таҳти унвони “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” мунаққидон ва театршиносон асарҳои ба фестивал-озмун пешниҳодшударо муҳокима мекунанд.

Дирӯз, 3-уми май, охирин намоишномаи фестивал-озмун “Пораабри сафеди Чингизхон” дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ манзури бинандагон гардид. Он аз рӯи асари Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз ва дар коргардонии Султон Усмонов рӯи саҳна оварда шуд.

“Пораабри сафеди Чингизхон” намоишномаи фоҷеавӣ буда, он дар бораи ошиқии Эрденеву Догуланг, таваллуд шудани писар аз робитаи онҳо ва қатли ошиқон аз ҷониби хидматгорони Чингизхон буд.

Тамошобинон аз ороиши саҳна ва кори ҳунармандон васф карданд, аммо ба мазмун ва муҳтавои “Пораабри сафеди Чингизхон” эрод гирифтанд: “намоишнома миллӣ кунонида нашуда буд”.

Мо назари аъзои ҳакамонро дар робита ба ин намоишнома пурсон шудем, вале аз ибрози назар худдорӣ карда, гуфтанд, “дар нишасти “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” ҳамаи намоишномаҳоро баррасӣ хоҳем кард”.

Имрӯз соати 14:00 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нишасти мунаққидон ва театршиносон таҳти номи “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” баргузор гардида, онҳо андешаҳои худро дар бораи асарҳои ба фестивал-озмуни “Парасту-2023” пешниҳодшуда ироа мекунанд.

1/4

Ҳаводорон ва тамошобинони театр ҳам имкон доранд, ки дар ин ҷамъомад ширкат кунанд.

Ҳамин тавр, имрӯз соати 17:30 дақиқа дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими пӯшидашавии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” баргузор мешавад.

Имсол рӯзи 27-уми апрел ҷашнвораи “Парасту-2023” оғоз шуд ва дар он ҳамаи 18 театрҳои касбии Тоҷикистон бо беҳтарин намоишномаҳои худ иштирок карданд.

Бояд гуфт, фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки шоҳҷоизаи “Парасту-2021”-ро намоишномаи “Садои Қу”-и Театри давлатии драммаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом соҳиб шуда буд.

Дар ҷашнвораи ду соли пеш ҷойи якумро намоишномаи “Нидои Умари Хайём”-и Театри давлатии драммаи русии ба номи В. Маяковский ишғол намуд. Театри вилоятии мусиқӣ–мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов бо намоишномаи “Бежан ва Манижа” сазовори ҷойи дуюм гашт. Дар озмуни “Парасту – 2021” Театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Хоруғ бо намоишномаи “Лаъли Бадахшон” ҷойи сеюмро соҳиб шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.