Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзи 12-уми май, дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар боду ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Душанбе тӯфони чангу ғубор дар назар аст. Он аз ноҳияҳои ҷанубу ғарбии кишварҳои ба мо ҳамсарҳад ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид мешавад.
Дар робита ба ин Кумита аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ба нафарони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, астмаи бронхиалӣ ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.
Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон дар ин гуна рӯзҳои пурчанг тавсия медиҳад, ки суръати ҳаракат дар роҳҳо, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои бе осеб ба саломатӣ гузаронидани ин рӯзҳои пурчангу ғубор чунин тавсияҳо медиҳад:
- Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
- То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тирезаҳои худро бо дока ва ё тӯр пӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред;
- Ҳамеша ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед;
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
- меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;
- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо шумори телефонҳои 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ: 223 13 11 ё 93 880 28 19 занг занед.
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе
- 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90;
Раёсати КҲФ дар шаҳри Ҳисор
- (83139) 2-60-74, 2-60-45;
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон
- (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Раёсати КҲФ дар шаҳри Кӯлоб
- (83322) 2-36-60, 2-34-73;
Раёсати КҲФ дар ВМКБ
- (83522) 2-40-57, 2-53-47;
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд
- (83422) 6-58-72, 5-15-55.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста