Дар пайи ирсоли парвандаи Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ва эълони рӯзи мурофиа модари рӯзноманигор бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Ба иттилои дарёфтӣ, мурофиаи аввалини додгоҳии Хуршед Фозилов, рӯзи 25-уми май дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Дар пайи ин, Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов дар муроҷиатномааш ба президент гуфтааст, писараш саробони оила буда, соҳби се фарзанди ноболиғ аст  ва бовар дорад, ки бегуноҳии ӯро ба назар гирифта, барои озодшавиаш мусоидат мекунанд.

Ӯ бовар дорад, ки фарзандаш ҳеҷ гоҳ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ накарда, қурбонии хусумати чанд тан аз мансабдорони маҳаллӣ гардидааст.

“Бинобар ин, мақомдорони маҳаллӣ барои ошкор нашудани камбудиҳои ҷойдошта рӯзноманигори ҳақиқатгӯ ва адолатпешаро барои дастгир ва ҳабс шуданаш чораҷӯӣ намуданд”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Ӯ афзудааст, ки писараш ҳеҷ гоҳ бар зидди давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар ҳарфӣ бад нанавиштааст, ки инро мақолаву гузоришҳояш собит мекунанд.

“Баъди гирифтани компютери кории ӯ аз дасти мақомоти раёсати КДАМ-и вилояти Суғд мароқ зоҳир намуда, навиштаҳои электронӣ, сабтҳои видеоиву овозӣ ва дастнависҳову мақолаҳои чопнашудаашро назар кардам. Ягон ҳарфи ноҷое нисбати давлату миллат ва ҳукумату сиёсати онро надидам”, -омадааст дар муроҷиатномаи ӯ.

Ин модар афзудааст, фарзандаш то мамнуъ гардидани сомонаи ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи “Ахбор. ком” бо ин сомона ҳамкорӣ дошт, аммо баъди он ки ин сомона аз сӯи мақомот мамнуъ эълон шуд, ҳамкориро қатъ кард.

Дар охир, ин зан аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардааст, ки “барои озодии фарзанди ноновару дастёр, падари се набераи ноболиғи гирёну шавҳари келини чашмбароҳаш мусоидат намояд”.

Интизор меравад мурофиаи нахустини додгоҳии ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд, ба таври боз баргузор шавад ва парвандаи ӯро додгоҳи сайёри шаҳри Панҷакент баррасӣ кунад.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифоӣ ӯ расман аз додрас хостааст, ки мурофиа дар бинои додгоҳи шаҳри Панҷакент баргузор шавад, вале то ҳол маълум нест, ки дархости ӯро додрас ба назар мегирад ё не.

Хуршед Фозилов,  ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.

Мақомот ӯро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.

Дар як соли охир ин аллакай, панҷумин рӯзноманигори тоҷик аст, ки аз сӯи мақомот боздошт ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дар кишвар ё моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ гумонбар аст.

Аз ин пеш, Далери Имомалӣ, Абудуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, чор рӯзноманигори тоҷик айнан бо ҳамин ҷурм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ аз 7 то 10 сол аз озоӣ маҳрум карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.