Аслан Миниқулов, сарҳадбони тоҷик, ки ҳангоми ҳифзи марзи Ватан, 14-уми сентябри соли 2022, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон қаҳрамонона ҷон бохт, бо “Ордени Шараф дараҷаи 2” қадрдонӣ карда шуд.
Имрӯз, 6-уми июн, генерал-майёр Тӯрабек Назарзода, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, зимни ҷаласаи тантанавӣ, ки дар мактаби №8-и шаҳри Бохтар баргузор шуд, орденро ба модари Аслан Миниқулов тақдим намуд.
Дар ин бора маркази матбуоти раиси шаҳри Бохтар хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин ниҳод, Тӯрабек Назарзода ҳангоми тақдими орден аз ҳамаи онҳое, ки барои ҳифзи Ватан ҷон бохтаанд, ёд карда, ба волидони онҳо барои тарбияи чунин фарзандони шуҷоъ миннатдорӣ кардааст.

Қаблан, мактаби №8-и шаҳри Бохтар, ки Аслан Миниқулов онро хатм кардааст, ба номи ӯ гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки Аслан Миниқулов 3-юми августи соли 2003 дар шаҳри Бохтар таввалуд шуда, соли 2021 ба сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар даъват гардидааст. Ӯ 14-уми сентябри соли 2022 ҳангоми ҳифзи марзи Ватан аз тири нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон кушта шуд.
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи марзии ахир миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон моҳи сентябри соли 2022 рух дод ва дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб беш аз 100 нафар куштаву садҳо нафари дигар захмӣ шуданд.
“Муносибат бояд тағйир ёбад”. Дар Тоҷикистон филиали боз як бонки хориҷӣ ифтитоҳ мешавад
Дар Русия ду бародаре, ки дар Тоҷикистон ҳамзисти хоҳарашонро кушта буданд, боздошт шуданд
Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиёӣ соҳиби нишони нуқра гардид
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар соли 2025 баррасӣ кард
"Қасос барои аз кор рондан". Милитсияи Суғд сабаби сӯхтор дар Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ошкор кардааст
“Ба зимистон омодагӣ мебинем”. Дар манотиқи Тоҷикистон “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст
Дар Тоҷикистон “Мураббии соли-2023” муайян гардид
Миёни фавтидагони неруҳои посдори сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ зодаи Тоҷикистон ҳам ҳаст
Роҳи мошингарди Душанбе - Қулма қисмате аз долони байнмиминтақавии мултимодалӣ мешавад
Рамазон Қодиров навореро нашр кард, ки дар он писараш нафари Қуръонро оташзадаро латукӯб мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста