Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, баргузории намози ҷумъа дар масҷиди навбунёди пойтахт сар аз ҳафтаи оянда, 16-уми июн, дар назар аст.
“Имрӯз танҳо ба хотири комилан омода шудани хидматгузорони масҷид ва омода кардани масҷид барои қабули ҳама намозгузорон намози ҷумъа барпо намешавад. Намозҳои панҷвақта бошанд, пас аз ифтитоҳи расмии масҷид баргузор гардида истодаанд”, - гуфт Афшин Муқим.
Маврид ба зикр аст, ки ин масҷид дирӯз бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ расман ифтитоҳ гардид.
Масҷиди нав ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит гузошта шуд.
Дар бораи масҷид ва маросими ифтитоҳи он муфасаал дар матлаби "Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд" хонед.
Дар бо мо бимонед.ВК ва OK, Instagram, Facebook, Telegram
“Муносибат бояд тағйир ёбад”. Дар Тоҷикистон филиали боз як бонки хориҷӣ ифтитоҳ мешавад
Дар Русия ду бародаре, ки дар Тоҷикистон ҳамзисти хоҳарашонро кушта буданд, боздошт шуданд
Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиёӣ соҳиби нишони нуқра гардид
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар соли 2025 баррасӣ кард
"Қасос барои аз кор рондан". Милитсияи Суғд сабаби сӯхтор дар Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ошкор кардааст
“Ба зимистон омодагӣ мебинем”. Дар манотиқи Тоҷикистон “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст
Дар Тоҷикистон “Мураббии соли-2023” муайян гардид
Миёни фавтидагони неруҳои посдори сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ зодаи Тоҷикистон ҳам ҳаст
Роҳи мошингарди Душанбе - Қулма қисмате аз долони байнмиминтақавии мултимодалӣ мешавад
Рамазон Қодиров навореро нашр кард, ки дар он писараш нафари Қуръонро оташзадаро латукӯб мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста