Баъди ғасби замини мактабҳо дар шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Деваштичу Спитамен Додситонии кул тасмим гирифтааст, ки заминҳои ҳамаи мактабҳои кишварро санҷад. Дар ин бора 8-уми август Ҷаҳонгир Салимзода, роҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҷаҳонгир Салимзода гуфт, “айни замон аз ҷониби Додситонии кул замини мактабҳо санҷида шуда истодааст, ки оё ҳама заминҳое, ки ба мактабҳо ҷудо шудаанд, ҳоло дар назди мактабҳо ҳастанд ва ё ягон миқдор ё куллан ғасб шудаанд”.

Ӯ гуфт, ки баъди дастрас шудани натиҷаи санҷиш маълумоти бештар ироа хоҳад шуд, аммо нагуфт, ки кай хулосаи санҷиш ниҳоӣ мешавад.

Қаблан Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз ғасби ғайриқонунии 21,7 гектар замини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон хабар дода буд.

Ба гуфтаи вазир, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 174 мавриди қонунвайронкуниҳои марбут ба ғасби худсаронаи замини мактабҳоро сабт кардаанд.

Вазир таъкид мекард, ки ин қитъаҳои замин ба мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар баргардонида шуда, ҷиҳати рафъи ин вазъ корҳои дахлдор идома доранд.

Пештар аз ин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо фаъолони вилояти Хатлон аз Раҷабалӣ Давлатзода,  директори Филиали "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар Хатлон интиқод карда, гуфта буд, ки ӯ 1 гектар замини мактабро “ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст”.

Дар пайи ин Додситонии ноҳияи Кӯшониён нисбати Раҷабалӣ Давлатзода, бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла, ғайриқонуни тақсим кардани  замин, сохтакорӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.