Рӯз ба рӯз бо пешрафти технология шумораи хабару маводҳои бофтаву бардурӯғ меафзояд. Барои ҳамин на ҳама хабарро бояд хонд ва хотираи худро бо маълумоти нолозимӣ пур кард ё фирефтаи хабари бардурӯғ шуд.
Дар ин барнома мо 5 қоидаи мутолиаи хабарҳоро ба шумо пешниҳод мекунем, то дар уқёнуси хабару паёмҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳақиқат ва бофтаю фейкро аз ҳам фарқ кунед.
Манбаи боэътимод
Хабару маълумотро танҳо аз сомонаҳои расмӣ, санҷидашуда, қобили эътимод ва бообрӯ мутолиа кунед. Барои ин кӯшиш кунед “рӯйхат”-и манбаҳои худиро тартиб диҳед. Агар хабарро нашрияе нашр кардааст, ки шумо бори аввал мебинед, эҳтиёт шавед ва дар манбаи боэътимод хабарро ҷӯед.
Сарчашмаи аслӣ
На ҳама ВАО дар ҳар минтақа ё вазорату ниҳодҳои гуногун сарчашмаи худро доранд ва ҳама мавзӯъро фаро гирифта метавонанд. Аз ин сабаб хондани сомонаю хабаргузориҳои бузург хубтар аст. Зимни мутолиаи хабар дар сомонаҳои иттилоотӣ ба сарчашмаи он аҳамият диҳед. Сарчашмае, ки сомона зикр кардааст ҳатман санҷед, ки то куҷо боварибахш ва ҳақиқӣ аст. Кӯшиш кунед сарчашмаи аслии маводро пайдо кунед ва матлабро пурра хонед.
Чанд манбаъ
Ҳар хабарро бо тафаккури интиқодӣ мутолиа кунед, дониста бошед, ки на ҳама иттилооти ВАО ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳақиқат доранд. Агар хабар шубҳаовар ё нопурра аст, онро дар манбаъҳои дигар ҷустуҷӯ ва муқоиса кунед. Баро ин ин кофӣ аст сарлавҳаи хабарро дар сомонаи ҷустуҷӯйии Google ворид созед ва тугмаи кофтуковро пахш намоед. Бо ин роҳ шумо метавонед бубинед, ки ин хабарро чанд манбаъи дигар нашр кардааст, то чӣ андоза боэътимод аст ва оё дар ҳамаи манбаъҳо ҳамон як маълумотро менависанд ё не.
Назари ҷонибҳо
Донистани назари ҳар ду ҷониб дар маводҳо, махсусан дар бораи муноқишаю мушкилотҳо ва ҳодисаҳою рӯйдодҳо хеле муҳим аст. Танҳо бо ошноӣ ва дарки назари ҳар яке аз тарафҳои даргир, ҳарчанд шумо бо онҳо ҳамфикр набошед ҳам, метавонед аз рӯйдод натиҷагирӣ кунед.
На ҳамаи ВАО зимни омода намудани маводҳо назари ҳар ду ҷонибро мегиранд ё ҳатто баъзан як ҷонибро дастгирӣ мекунанд. Ҳамчунин на ҳамеша ҷонибҳо аз камбудии худ мегӯянд. Барои ҳамин шуморо лозим аст, ки назари ҳар ду ҷонибро ҳатман хонед, таҳлил намоед ва хулосабарорӣ кунед.
Санҷиши далелу рақамҳо ва сурат
Шояд дар хабар далелу рақамҳо зиёд бошанд, аммо ин нишонаи боэътимодии он нест, яъне онҳо метавонанд нодуруст ва бардурӯғ бошанд. Ба далелҳо бо шубҳа нигаред ва дурустии онҳоро дар асоси иттилооти манбаъҳои кушода ё ВАО-и дигар бисанҷед. Ҳамчунин ба сурати иттилоот аҳамият диҳед ва ҳангоми шубҳа фейкӣ будан ё набудани онро тавассути барномаҳои гуногуни ташхиси сурат ва ёрии системаҳои ҷустуҷӯии Google ва Яндекс санҷед.
Бохабар бошед ва ба хабарҳои фейкӣ бовар накунед!
Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста