Бо вуҷуди талаботи қатъии қонун ва ҷаримаҳои ҳангуфт, миёни мардум маросими гусел ба ҳаҷ ва пешвози пуршукӯҳи зойирин идома дорад. Маросими мазкур берун аз қонунҳои давлат ва муқаррароти ислом баргузор мешавад.

Мусобиқаи “Кӣ беҳтару зӯртар”

Қуръон мефармояд: “Кӯшиш кунед дар корҳои хайр аз якдигар пештар бошед”. Аммо имрӯз бархе аз ҳоҷиҳои мо бархилофи ин дар шуҳратпарастӣ, такаббур ва тақвои зоҳирӣ мусобиқа карда, дар натиҷа ба нуфузи ҳоҷиҳои асил, ки барои адои яке аз рукнҳои фарзи ислом зиёрати Хонаи Худо мекунанду миёни аҳолӣ аз эҳтироми зиёд бархӯрдоранд, соя меафкананд.

Аз ҷумла, соли ҷорӣ хабарнигори “Азия-Плюс” шоҳиди он шуд, ки бисёре аз хешовандон ҳангоми пешвоз бо иҷозаи худи ҳоҷӣ рӯирост ба рафторҳои дарвоқеъ хурофотӣ даст мезананд.

Ақидае ғалате вуҷуд дорад, ки шахси Хонаи Худоро зиёраткарда авлиё мешавад ва наздик шудан ба ӯ савоби бузург – туҳфаи маънавӣ дониста мешавад. Мегӯянд, ки агар ҳоҷӣ ба чизе даст расонад, он хусусиятҳои афсуну ҷоду гирифта, шахси муроҷиаткардаро аз мушкилоти зиндагӣ, масалан, аз беморӣ ва нокомӣ раҳо мекунад.

Пешвозгирандагон аз ҳамин истифода мебаранд.

Дар фурудгоҳ ҳоҷиёнро издиҳоми зиёде иҳота мекунад. Мардум ба сарулибос, дасту пойи ҳоҷӣ расида, кӯшиш мекунанд, ки аз ҳоҷӣ дуои хайр гиранд ва инро кори муқаддас мешуморанд.

Бархе аз ин ҳам зиёдтар рафта, дар байни издиҳом бо як шиша об ва косае зери он мегарданд. Онҳо аз ҳоҷиён хоҳиш мекунанд, ки дастҳояшонро бишӯянд ва баъд аз ин обро... менӯшанд. Ба ақидаи онҳо, ин об фоидаи зиёд дорад ...


Ҳар қадар наздиктар бошад, баракаташ ҳамон қадар зиёд мешавад

Пешвозгирии бошукӯҳ ва ташкили зиёфат низ мӯд шудааст. Онҳоро бо созу навои асбобҳои мусиқии миллӣ — карнаю сурнай ва дойра пешвоз мегиранд, ки аз бозгашти зойирин хабар медиҳанд. Ҳама ба пешвози ӯ мешитобанд.

Қатори мошинҳои хориҷӣ дар тамоми роҳ ҳоҷиҳоро ҳамроҳӣ мекунад. Шумораи мошинҳо ба сарватмандии ҳоҷӣ ва сершумории наздикони ӯ вобаста аст.

Қадамҳои охирин то хонаи ҳоҷӣ рӯйи қолини сурх мегузарад, ки бояд нав бошад ва дарозии он аз пулдории ҳоҷӣ вобаста аст.

Роҳ ҳам обрӯю эътибори одамро нишон медиҳад — ҳар кадар гаронтар бошад, ҳамон қадар беҳтар. Қолинҳои туркӣ аз ҳама бонуфузтарин маҳсуб меёбанд, ки нархи 1 метрашон 400-600 сомонӣ аст. Дар ҳамин ҳол, пойи ҳоҷӣ қариб ба он намерасад, зеро хешу табор ва ҳамсояҳо ба болои он пораи матоъҳои гуногун, дастархон, рӯймолу куртаву кӯрпаҳо мепартоянд.

Хамин ки пои ҳоҷӣ ба онҳо расад, барои соҳиб шудан ба ин чизҳо рақобат cap мешавад. Аксар вақт онҳо пора-пора мешаванд.

Аз болои сари ҳоҷӣ шириниву пул ҳам мерезанд.

Мардон барои аввалин шуда бо ҳоҷӣ салом додан ва дуову фотиаҳаи ӯро гирифтан рақобат мекунанд.

Дар пешвоз (вохӯрӣ) ҳама иштирок мекунанд

Барои пешвози ҳоҷиҳо аҳли хонавода кӯшиш мекунанд, ки ба манзилу кӯчаҳо намуди идона бахшанд,  корҳои таъмир гузаронида, ҳама чизи гирду атрофро ранг мекунанд. Ҳамсояҳоро низ ба ин кор маҷбур мекунанд, то ки маҳалла шарманда нашавад.

То омадани ҳоҷиҳо натанҳо корҳои таъмир гузаронида мешаванд, балки қолину кӯрпа, пардаву зарфҳо ва дигар чизҳоро нав мекунанд.

Мувофиқи қонун, ташкили чорабиниҳое аз қабили “ҳоҷизиёрат”, “ҳоҷиталбон” ва “ҳоҷиошӣ” (зиёфат ба муносибати ҳаҷ) қатъиян манъ аст. Ҳамаи чорабиниҳои марбут ба гуселу пешвози зойирин бояд дар доираи аҳли оила гузаронида шаванд.

Аввали соли равон додгоҳ як сокини 67-солаи ноҳияи Сангворро, ки дар манзилаш ба муносибати адои маросими ҳаҷ зиёфат ороста буд, ҷарима кард.

Қонун ба дидорбинии ҳоҷиён рафтанро манъ намекунад, лекин он бояд бе зиёфату таъом додан гузаронида шавад. Танҳо ба тақсими оби “Зам-зам” ва хурмо, ки ҳар кадоме аз ҳоҷиён аз Макка бо худ меорад, иҷоза дода мешавад.

Аз ҳама ташвишовар ин аст, ки бисёре аз онҳое, ки ҳаҷ кардаанд, худро аз атрофиён болотар мегузоранд. Ин ҳам ба баҳсу мунозира дар маҳалҳо боис мегардад.

Ҳаҷ кори шахсии ҳар як мусалмон аст, аммо меарзад, ки аз он як маросиме созем?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.