Дар вилояти Калугаи Русия қабули ҳуҷҷатҳоро аз шаҳрвандоне, ки хоҳиши дарёфти шаҳрвандии Русияро доранд, рад намуда, талаб карданд, ки аввал барои хидмати ҳарбӣ қарордод имзо кунанд, изҳор доштааст ба нашрияи “7х7 - Горизонтальная Россия” ҳомии ҳуқуқ Татяна Котляр, менависад Медуза.

Котляр гуфтааст, аз панҷ ҳодисаи ба ин монанд хабар расида, лекин ба қавли худи хориҷиён ва наздикони онҳо, бо чунин ҳодиса дар вилояти Калуга бисёр одамон дучор шудаанд. Ин ҳомии ҳуқуқ ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи башари ин минтақа шикоят фиристода, лекин посух нагирифтааст.

Яке аз сокинони Тоҷикистон гуфтааст, вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандӣ, аз ӯ маълумотнома (справка) аз комиссариати ҳарбӣ дар бораи имзои қарордод ба хидмат дар артишро талаб кардаанд.

Ҳамсуҳбати нашрия зикр кардааст, ки барои имзои қарордод ба хидмати ҳарбӣ омода буд, лекин бинобар сабаби панҷ фарзанди ноболиғ доштанаш, дар комиссариати ҳарбӣ инро ба ӯ рад кардаанд. Бо вуҷуди ин, ҳуҷҷатҳоро барои шаҳрвандӣ аз ӯ қабул накардаанд.

Тавре ки “7х7” менависад, боз як муҳоҷир аз Тоҷикистонро ба хидмати ҳарбӣ бо қарордод аз рӯи вазъи салмоатиаш қабул накардаанд. Ӯ ҳам маълумотнома дастрас накарда, ҳуҷҷатҳояшро супорида натавонистааст.

Як шаҳрванди Ӯзбекистон низ дар ин робита изҳор намудааст, ки ин мушкили пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандӣ дар вилояти Калуга ҳанӯз моҳи апрел оғоз гардида, ҳамаи хоҳишмандони мардро ба комиссариати ҳарбӣ мефиристанд. Аз занон ҳуҷҷатҳо бидуни мушкил қабул мешавад.

Охири моҳи сентябри соли 2022 Владимир Путин фармонро дар бораи соддагардонии додани шаҳрвандӣ ба хориҷиёне, ки барои адои хидмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд, имзо кард. Тибқи ин фармон, шаҳрванди хориҷӣ барои ба таври содда гирифтани шаҳрвандӣ бояд ба муддати на камтар аз як сол шартнома баста, на камтар аз шаш моҳ дар амалиёти ҷангӣ иштирок кунад.

Нимаи моҳи августи соли 2023 мақомоти пулис дар ҷануби Санкт-Петербург рейди дурӯза гузаронида, зиёда аз 100 нафар муҳоҷири дорои шаҳрвандии Русияро барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ба комисариатҳои ҳарбӣ бурд.

Коршиносони мустақили кишварҳои Ғарб ва Русия  борҳо изҳор намуданд, ки мақомоти Русия бо нигаронӣ аз норозигии аҳолии кишвар, намехоҳанд, ки мавҷи нави сафарбарӣ эълон кунанд ва кӯшиш доранд, ки сафи артишро аз ҳисоби шахсоне, ки бо Вазорати мудофиа қарордод мебанданд, пур кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.