Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чанде пеш ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои баргузории корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ маводи сӯзишворӣ ҳадя кард.

Тавре ки дар саҳифаи дафтари САҲА дар Facebook хабар дода мешавад, ин мавод аз  9800 литр сӯзишвории дизелӣ ва 4500 литр маҳсулоти нафтӣ иборат аст.

“Маводи ҳадяшуда барои пур кардани воситаҳои нақлиётӣ ва таҷҳизоти Кумита, ки барои муҳофизат ва кӯчонидани аҳолӣ ба минтақаҳои бехатар ҳангоми офатҳои табиӣ ба кор бурда мешаванд, истифода мешавад”, - омадааст дар хабар.

1/2

Қобили зикр аст, ки корҳои бартараф намудани оқибатҳои сел дар ноҳияҳои осебдида то ҳол идома доранд.

Бино ба маълумоти КҲФ, 4,5 км роҳҳои байни деҳаҳо  ва биноҳои ёрирасон аз лойқаву рег тоза ва кори хатҳои интиқоли барқ пурра барқарор карда шудааст.

1/3

Қитъаи роҳи мошингарди Душанбе - Варзоб дар деҳаи Ғусғарф аз оқибатҳои сел тоза карда шуда, дар қаламрави деҳаи Гулбоғ-2 корҳои тозакунии селпартоҳо аз лойқаву гил идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти зиёди рӯзҳои 27-28 август дар қаламрави Тоҷикистон 21 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.