Ба пешвози 115-солагии Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, Осорхонаи ҷумҳуриявии алломаро аз нав таъмиру тармим ва ҳудуди онро пас аз 25 сол дақиқ намуданд. Дар ин бора Муқаддам Ҳошимзода, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, шурӯъ аз моҳи майи имсол бо дастгирии ҳукумати вилояти Суғд ин осорхона бозсозӣ мешавад.

Муқаддам Ҳошимзода гуфт, осорхона аз 25 апрели соли 1998 фаъолият мекард ва имсол баъди оғози корҳои таъмиру азнавсозӣ ҳудуди он бори аввал муайян карда шуд, ки аз 5 гектар иборат аст.

“Осорхона баъди азнавсозӣ бо ороиш ва методҳои нав ба фаъолияташ идома медиҳад. Пеш аз ҳама, китобхонаи электронӣ бунёд шуда истодааст, ғайр аз шуъбаи кадрҳо, инчунин се шӯъбаи ба корҳои илмӣ-таҳқиққотӣ марбут - шӯъбаи ҷамъоварӣ, шӯъбаи ташвиқот ва шӯъбаи муҷаҳҳазгардонӣ ба фаъолият мепардозанд, ки ин барои боз ҳам бештар дастрасӣ пайдо кардани аудитория оид ба осору пайкори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидат мекунад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Таъсиси маҷаллаи илмӣ ва тарҷумаи адабиёт

Дигар қадами ҷадид дар осорхона таъсиси маҷаллаи илмӣ бо номи “Паёми Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров” мебошад. Ба гуфтаи Ҳошимзода, ин маҷалла инъикосгари мақолаҳои илмӣ - таҳқиқотии муаррихону ғафурошиносони саросари кишвар аст, ки дар шаш моҳ як маротиба нашр мешавад.

Муқаддам Ҳошимзода

Ҳошимзода гуфт, ки дигар кори назаррасе, ки дар осорхона анҷом ёфт, ин тарҷумаи зиёда аз 1000 экспанадҳо ва 800 адабиёт аз забонҳои хориҷӣ-хоса ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ аст.

“Барои ғанӣ гардонидани осорхона ва муаррифии боз ҳам бештари корҳои илмӣ таҳқиқотии Бобоҷон Ғафуров айни замон номзади илмҳои таърих Шавкат Шарипов ба Русия аз ҷониби ҳукумати Суғд сафарбар шудааст. Номбурда то ин дам 90 аксу ҳуҷҷатҳои нодирро оид ба ҳаёту корномаҳои Ғафуров пайдо кардааст”, - илова кард Муқаддам Ҳошимзода.

Директори осорхона гуфт, бо вуҷуди идома доштани корҳои сохтмону азнавсозӣ дар осорхона ҳайати кормандонаш бекор нестанд. Онҳо дар Гимназияи №1 ва кӯдакистони №12 корҳои илмӣ-эҷодии худро идома дода истодаанд.

Дар саҳни осорхона пайкараи барқади Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст, ки баъди азнавсозӣ рунамоӣ хоҳад шуд.

1/2

Ҳошимзода гуфт, ки дар саҳни осорхона пайкараи Бобоҷон Ғафуров аз ду тараф пайкараи китоби “Тоҷикон” гузошта мешавад, инчунин ҳавлии осорхона бо гулгашту фаввораҳои зебо ороиш меёбад.

Ҳамчунин, ҳудуди 5 гектар панҷарабандӣ мешавад.

Масъулин ният доранд, ба муносибати Рӯзи парчам осорхонаро ба истифода диҳанд.

Айни ҳол таъмиру азнавсозии осорхона ба муносибати 115 солагии  Бобоҷон Ғафуров иқдом карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Бобоҷон Ғафуров муаллифи шоҳасари "Тоҷикон" аст, ки​ бо дастгирии сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ин​ китоб​ дастраси ҳар як хонаводаи тоҷик гардид ва ҳадаф аз ин иқдом шиносоии бештари ҷомеа бо таърихи пурифтихори халқи тоҷик мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.