Соли 1847 табиби венагӣ Игназ Земмелвейс, ҳамчун ёвари табиб Клейн дар беморхонаи генералии Вена кор карда, сабабҳои сатҳи баланди фавти кӯдакон ва «таби пас аз таваллуд» -ро дар занон таҳлил намуд. Ӯ тахмин кард, ки ин нишондиҳандаҳо ба табибоне, ки ҳангоми ташхису аёдати модару кӯдак дастҳои худро намешӯянд алоқаманд аст.

Ӯ пешниҳод кард, ки табибон дастонро бо маҳлули шустушӯӣ безарар кунанд. Ин тадбири оддӣ муваффақияти беандозаро ба бор овард — марг якбора коҳиш ёфт. Соли 1861 китоби ӯ ба табъ расид, ки дар он назарияи шустани дастонро ҷонибдорӣ мекард. Земмелвейс соли 1865 вафот кард ва ҳеҷ гоҳ аз мавқеаш даст накашид ва танҳо пас аз панҷ соли маргаш, ҷарроҳи англис Ҷозеф Листер билохира зиёни микроорганизмҳоро, ки тариқи дастон сироят мекунанд, собит кард. Пас аз якчанд сол, шустани даст дар Англия тарғиб карда шуд, ки фавти кӯдакон ва занонро ба таври назаррас коҳиш дод.

Бо қарори Ассамблеяи Созмони Миллали Муттаҳид аз соли 2008, 15 октябр Рузи умумиҷаҳонии Шустани дастон эълон шуд. Ҳамасола бахшида ба ин рӯз ҳазорҳо чорабиниҳо  дар саросари олам гузаронида мешаванд. Ҳадафи асосии Рӯзи умумиҷаҳонии Шустани дастон, ҷалби таваҷҷӯҳ барои саривақт ва дуруст шустани дастон бо собун буда, ҳамчун роҳи муассиртарин ва арзонтарини муҳофизати худ аз бемориҳои гуногуни сироятӣ маҳсуб мешавад.


Моҳи апрели соли 2020 бошад, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсияҳоро оид ба гигиенаи даст ва такмил додани таҷрибаҳои гигиении дастҳо дар муҳити гуногун, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ тасдиқ  намуд.  Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо дастгирии шарикони рушд “Харитаи роҳи миллӣ оид ба Гигиенаи даст барои ҳама”-ро таҳия ва тасдиқ намуд. Ҳадафи асосии таҳияи харитаи роҳ – ин тарғиб ва дастгирӣ намудани гигиенаи умумии даст дар Точикистон барои пешгирӣ ва назорати сироятҳо ва пандемияҳо мебошад.

Лоиҳаи USAID “Модари солим,кӯдаки солим”  баҳри таҳкими хизматарсонии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии модару кӯдак дар Тоҷикистон фаъолиятҳои худро давом дода истодааст.

Яке аз мақсадҳои асоссии Лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” ин баланд бардоштани иқтидори омӯзгорон ва хонандагон дар мавзӯҳои тандурустӣ, ғизо, тозагӣ, беҳдошт ва гендер мебошад. Лоиҳаи мазкур дар ҳамкории зич бо сохторҳои соҳаи маориф ва илми  ҶТ, хусусан Раёсат ва шуъбаҳои  маорифи вилояти Хатлон дар 24 мактаби ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Н.Хусрав, Дустӣ, Левакант, Ҷайҳун, Ҷ.Балхӣ, Кушониён, Вахш, А.Ҷомӣ, Хуросон ва Ёвон, амалӣ шуда истодааст.  Дар доираи ҳамкорӣ, лоиҳа 284 нафар омӯзгори мактабҳои таҳсилоти умумии миёнаро оид ба масъалаҳои ғизои солим, баробарии гендерӣ, гигиенаи даст ва тозагӣ хамчун тренер тайёр намуд, ва  дар навбати худ онҳо зиёда  аз  5722 нафар хонандагони синфҳои болоиро таълим доданд. Ҳамаи омӯзишҳо бо намуди таълими фаъол дар асоси таълими  хонандамеҳвар ва дастрас барои хонандагон  гузаронида шуданд, ки дар навбати худ онҳо маълумот ва малакаҳои гирифтаро дар доираи оилаҳои худ паҳн мекунанд ва ҳамин тавр дар ивазкунии рафтори худ ва аъзоёни оилаашон  нисбати ғизо, тозагӣ ва беҳдошт саҳми худро мегузоранд .

Шустани дастон ва риояи гигиенаи шахсӣ яке аз мавзӯъи маъмул дар байни хонандагон шинохта шуд, азбаски онҳо маълумоти нави бештарро оид ба масъалаҳое, ки оддӣ ва шинос менамуданд, гирифтанд. Ҳангоми дарсҳои аввал хонандагон камфаъол буданд то он даме, ки  муҳиммияти шустани дастонро дарк карданд.

Лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” соли сеюм аст, ки дар ҳамбастагӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон ва ноҳияҳо чорабиниҳои шустани дастонро дар мактабҳои ҳадафӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад. Дар чорабиниҳо хонандагон ҳунару истеъдод ва дониши худро дар мавзӯҳои ғизо, тозагӣ ва беҳдошт пешкаши ҳамагон мегардонанд. Саҳначаҳои ҷолиб оиди “Бехатар омода намудани ғизо”, “Аҳамияти тозагӣ дар ошхона”, “Беҳдошти шахсӣ ва муҳити зист” таҳия намуда, тозагӣ ва тарзи ҳаёти солимро ба ҳамсолони худ тарғиб менамоянд. Хонандагони хурдсол низ дар рафти ин чорабиниҳо расмҳои кашидаи худро дар мавзӯҳои “Беҳдошт”, “Шустани дастон”, “Бехатарии ғизо”, “Маҳсулоти маҳаллии дастрас” пешкаши хонандагон мегардонанд. Дар ин чорабиниҳо озмун ва викторинаҳои гуногуну  шавқовар гузаронида мешаванд, ки ин боиси боз ҳам хубтар ва хотирмон шудани мавзӯъ мегардад.


Ҳамчун анъана Лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии шустани дастон озмунҳо эълон карда  хеле натиҷаҳои хуб нишон дод. Дар натиҷаи озмун 8 мактабҳои ҳадафӣ дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи  волидон ва омӯзгорон  ва соҳибкорони маҳаллӣ ҳоҷатхонаҳои мактабро аз таъмир бароварданд. Лоиҳа  дар навбати худ мактабҳоро бо баландгӯяк ва хонандагонро бо лавозимоти варзишӣ  қадрдонӣ кард. Ин чорабинӣ боиси он гардид, ки волидайн низ аз ҳолати беҳдоштии ҳоҷатхонаҳо бохабар гардиданд. Инчунин,  бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии шӯстани дастон бо дастгирии Лоиҳа дар 10 мактаб  дастшӯякҳо сохта ба истифода дода шудаанд. Ин мактабҳое буданд, ки аз надоштани нуқтаҳои дастшӯи танқисӣ мекашиданд.

Пас , ҳамчун посух ба саволе, ки дар оғози суҳбатамон  доштем : “Чаро шустани дастон муҳим гардид?” Бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки шустани дастон барои он муҳим гардид, чунки :

  • шустани дастон бо собун фавти кӯдакони то панҷсола аз бемориҳои сироятӣ ба таври назаррас коҳиш медиҳад;
  • мутобиқи таҳқиқотҳо, дар дастҳои ифлос садҳо миллион микроорганизмҳо пайдо мешаванд, ки ба зуком, гепатити вирусӣ ва бемориҳои вазнини рӯда мерасонанд;
  • шустани дастон бо собун барои аз сатҳи пӯст дур кардани то 90% микроорганизмҳо кӯмак мекунад.
  • тавсияи мутахассисони соҳа ин аст, ки дар хона собунҳои оддии бидуни хосияти бактериявӣ  истифода шавад, зеро, ҳангоми истифодаи аз ҳад зиёди маҳлулҳо, на танҳо микроорганизмҳои зараровар, балки «муфид» низ мемиранд.

Лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” умедвор аст, ки  ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ва илм  дар беҳтар намудани саломатии кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон  саҳми арзандаи худро  мегузорад.

Солимии мо ва аҳли наздиконамон танҳо аз он иборат аст, ки то кадом дараҷа мо саъю кушиш менамоем, ки худ ва фарзандони худро барои нигоҳдории гигиенаи шахсӣ водор созем ва шустани дастон, дар баробари нушидани об як қисмати муҳим ва ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар яки мову шумо гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.