Пагоҳ, 28-уми ноябр, Фаррух Ҳасанов, овозхони ҷавони тоҷик, ки ахиран барандаи озмуни телевизионии “Ну-ка, все вместе!” шуд, ба Тоҷикистон меояд.

Тавре худи овозхон дар як сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ӯ соати 18:30 ба вақти Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Фаррух Ҳасанов бо ғалабаи мутлақ дар озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” дар шабакаи телевизионии “Россия1” ба ватанаш бармегардад.

Ин овозхони ҷавони тоҷик бо касби 98 овоз аз баҳои 100 узви доварон дар мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” ғалаба ба даст овард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро гирифт.


Рӯзи 24-уми ноябр дар даври ниҳоии ин озмун Азат Раимбердиеви 37-сола аз Қирғизистон, Софико Кордаваи 23-сола аз Русия ва Фаррух Ҳасанови 25-сола аз Тоҷикистон барои ҷоизаи асосӣ рақобат карданд.

Фаррух Ҳасанов суруди овозхони амрикоӣ Бруно Марс “Talking to the moon”-ро иҷро кард ва бо касби 98 овоз ду рақиби боқимондааш дар марҳалаи ниҳоӣ  шикаст дод.

Фаррух Ҳасанов пас аз гирифтани ҷоизаи асосии озмун гуфт, “ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам! Ман нишон додам, ки тоҷикон фақат устои сохтмон нестанд. Мо ҳам боистеъдод ҳастем”.

“Ин пирӯзиро ба кишварам - Тоҷикистон мебахшам”, - бо ҳаяҷон гуфт Ҳасанов.

Фаррух Ҳасанов 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Фаррух Ҳасанов дар озмуни “Ну-ка, все вместе!” ғолиб шуд
ria.ru

Номи Фаррух Ҳасанов ҳамчун овозхон бори аввал дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни “Central Asia Got Talent” муаррифӣ ва маъруф шуд. Фаррух бо иҷрои сурудҳои “Утром”, “Шейла”, “Лейли” ба забони русӣ ва таронаҳои тоҷикиаш “Резаборон”, “Телефон” ва “Модар” ба дили тамошобин роҳ ёфт.

Соли гузашта Фаррух Ҳасанов дар озмуни “Tarona Music Award”-и радиои “Азия-Плюс” низ ширкат ва баранда шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.