Дар хонаводаи анъанавии Тоҷикистон аксаран чандин насл бо ҳам зиста, қарори аъзои калонсоли оила барои хурдиҳо муҳим ва таъсиргузор будаву ҳаст.

Филми тасвирии “Оила – макони меҳрубонӣ” барои таълиму тарбияи дурусти кӯдакон роҳнамою маслиҳатгари падару модар ва хешовандон аст.

Ин филми тасвирӣ бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид “Нури рӯшноӣ” таҳия шудааст.