Имрӯз, 13-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бинои нави Додситонии кул, Телевизиони “Сафина” ва Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар дар шарҳи ба истифода додани бинои иловагии Додситонии кул гуфт, сохтмони он моҳи марти соли 2018 оғоз гардида, аз тарафи «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар майдони 864 метри мураббаъ, аз ҷумла, таҳхона ва 7 ошёна, ки масоҳати умумиашон 6702 метри мураббаъро ташкил медиҳад, сохта шуд.

Бино аз 93 ҳуҷраи корӣ, 4 толори машварат, ҳуҷраи қабули шаҳрвандон ва ошхона барои 180 ҷой иборат буда, дар таҳхона ҳуҷраҳои техникӣ ва толори машқи бадан ҷойгир шудааст.

Ҳамчунин, дар бинои нав воҳиди навтаъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Додситонии кул ҷой дода шудааст, ки моҳи апрели соли равон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта буд.

1/8

Дар ин марказ 40 нафар корманди ҷавони дорои “донишу малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ фаъолият менамоянд”.

“Онҳо ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии иттилоот оид ба ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, ташкили махзани ягона оид ба содиршавии чунин ҷиноятҳо, таъмини ҳамкорӣ ва дастгирии байналмилалӣ барои тафтиши онҳо, васеъ ва мустаҳкам намудани амнияти киберӣ... машғул мешаванд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи Хадамоти матбуотии президент.

Сохтмони бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида, он аз 3 ошёна ва таҳхона, толори машваратӣ, ҳуҷраи сардори ситоди Комисияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулода, ҳуҷраи сардори марказ, толорҳои алоқаи фаврӣ, иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ, 3 ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, меҳмонхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

1/6

Дар марказ имконияти мусоид барои дастрасии маълумоти фаврӣ оид ба офатҳои табиӣ, таҳлили онҳо, огоҳсозии аҳолӣ, идоракунии қувва ва воситаҳои низоми ягонаи Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо низоми муайяншуда фароҳам шудааст.

“Бунёди Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷаҳҳазгардонии он бо технологияи муосир имкон медиҳад, ки маълумоти дақиқи ҷаҳон ва ҳудуди мамлакат онлайн тавассути порталҳо дастрас ва ҳолати воқеӣ пайгирӣ шавад”, - гуфтааст хадамоти матбуотии роҳбари давлат.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ дод, ки бинои нави телевизиони “Сафина”-ро ширкати ватании “ТГЭМ” бунёд карда, ба ин ниҳод туҳфа кардааст.

Сохтмони он моҳи июли соли гузашта оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 200 нафар сохтмончӣ бо тарҳ ва шакли муосиру замонавӣ бунёд ва рангу оро ёфтааст.

Бинои асосӣ аз 5 ошёна бо таҳхона, инчунин, 2 бинои алоҳидаи дигари бо ҳам пайваст дар масоҳати беш аз 8 ҳазору 600 метри мураббаъ иборат аст. Бинои дуюм аз се ошёна бо таҳхона ва бинои сеюм аз ду ошёна бо назардошти таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ бунёд гардидааст.

1/8

Дар бинои нави муассиса 6 студияи муҷаҳҳазу барҳаво, таҷҳизоти наву замонавии наворбардорӣ, дастгоҳҳои марказии идоракунии ҷараёни сабти навор ва овоз мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар он студияи алоҳидаи виртуалӣ бунёд ва бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Камераҳои ин студия ба таври фосилавӣ идора гардида, технологияи нав имконият медиҳад, ки  мувофиқи талаботи барнома, дар реҷаи воқеии вақт саҳнаву ороиши он иваз карда шавад.

“Дастгоҳҳои студияи виртуалӣ, ки бори нахуст дар мамлакат истифода мегардад, аз ширкатҳои маъруфи Амрико харидориву насб  гардида, барои таҳияи барномаҳои ҷолиб ва мувофиқ ба талаботи тамошобини имрӯз мусоидат хоҳад кард. Ин шеваи корбарӣ дар маъруфтарин шабакаҳои телевизионӣ васеъ истифода мегардад”, - гуфтааст хадамоти матбуотии президент.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.