Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ муносибатҳои марду зан дар оиларо чӣ гуна ифода мекунанд? Роҳи дурусти рафтору гуфтор ва муносибати падару модар бо фарзандон кадом аст?

Чӣ тавр метавон истифодаи зарбулмасалу мақолҳоеро, ки шаъну шарафи занону духтаронро паст мезананд ва паёмҳои хушунатомез доранд, аз байн бурд?

Коршиносони масоили гендерӣ бар ин назаранд, ки марди масъулиятшинос пешбурди рӯзгори муштарак ва иҷрои корҳои хонаро бо ҳамсараш тақсим мекунад. Оё чунин ҳамзистии зану шавҳар дар оилаҳои суннатӣ имконпазир аст? Дар замони муосир барои тақсими корҳои хона чӣ асос шуда метавонад?

Аз дидгоҳи фарогиру омӯзандаи фолклоршинос ва мардумшинос, мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ баҳравар шавед. Суҳбаторо – Субҳон Ҷалилов.

Видеоподкасти “Оила – макони меҳрубонӣ” бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид "Нури рӯшноӣ" таҳия шудааст.