Соли равон ба 110 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон 600 сомонӣ ҳамчун кумаки якдафъаина дода мешавад. Дар ин бора Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамоише дар вазорат, ки ба муаррифии барномаи давлатии расонидани Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ то соли 2030 бахшида шуда буд, хабар дод.
Ӯ гуфт, маблағи умумӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун кӯмак барои ниёзмандон ҷудо шуда, ҳаҷми умумии он 6 млн доллар ё беш аз 60 млн сомонӣ аст.
Муовини вазир афзуд, ин кумак ба камбизоатоне дода мешавад, ки дар оила 3 кӯдаки ноболиғ, 2 маъюб ва ё як пиронсоли аз 65-сола боло доранд.
“Яъне он ба ҳамаи оилаҳои камбизоат, ки ҳоло беш аз 230 ҳазорро ташкил медиҳад, дода намешавад. Танҳо ба қисми осебпазир, ки ба се категорияи мавҷуда ҷавобгӯянд, дода мешавад”, - гуфт Шодихон Ҷамшед.
Ба гуфтаи вай, ҳамчунин, нафароне ки соли гузашта бо қарори ҳукумати кишвар 600 сомонӣ кумакпули якдафъаина гирифтанд, наметавонанд кумаки якдафъаинаи навбатиро гиранд.
Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ гуфтанд, ҳоло ин маблағ аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо нашудааст ва бо шуруъи ин раванд шаҳрвандон ба таври алоҳида огоҳ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки қаблан, дар замони бемории ҳамагири Covid-19, низ Бонки ҷаҳонӣ ба 165 ҳазор хонаводаҳои камбизоати Тоҷикистон 500 сомонӣ кумакпулӣ дода буд ва ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 82,5 млн. сомониро ташкил намуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ба 209 ҳазору 547 оила эҳтиёҷманди кишвар 600 сомонӣ кумаки молиявии яквақта пардохт шуда буд. Маблағи умумӣ 285 млн сомониро ташкил намуд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар паёмаш ба Маҷлиси олии Тоҷикистон дар соли 2022 таъкид карда буд.
Беш аз 1000 хонанда дар як мактаб. Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ мактаб намерасад?
Озодагӣ. Паёми коргардони ҷавон Алиҷон Ҷалилов ба бинанда
Се ҷудокори тоҷик дар 5-гонаи беҳтарини радабандии ҷаҳонӣ
Суғд. Мусодираи наздики 30 силоҳи сард аз як ҷавон дар доираи амалиёти "Корд"
Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Остона меравад
Баъди 5 сол. Пас аз садамаи мошин дар кӯҳҳои Помир як лоиҳаи маъруфи телевизионӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расид
Дар Душанбе боз як ронандаи таксӣ дар ҳолати мастӣ боздошт шуд
Дар Русия тасдиқи шахсият зимни харидани симкорт талаб хоҳад шуд
“Шоири шумо будан ҷазост”. Рӯнамоии гулчини ғазалиёти Гулрухсор бо номи “Хонаи дарё” дар Душанбе
Дар вилояти Маскав 2 ноболиғи шаҳрванди Тоҷикистон зери чархи мошини корманди БДА монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста