Дар шаҳри Турсунзода яке аз собиқадорони футболи тоҷик, нимҳимоятгари дастаи “Помир”-и Душанбе Шуҳрат Азамов дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.

Солҳои охир Шуҳрат Азамов бемор буд.

"Шахси наҷиб ва футболбоз Шуҳрат Азамов аз миёни мо рафт. Соли 1978 маро ба дастаи дуюм (дублёрон)-и «Помир» гирифтанд ва Шӯҳрат аз рӯзҳои аввал дар даста ба ман хеле писанд омад - меҳрубону мушфиқ бе такаббур. Бо вуҷуди фарқияти синну сол (8 сол), мо дӯст шудем. Вай баъзан дар дастаи дуюм бозӣ мекард. Бозӣ дар Кемероворо (баҳори соли 1978) дар хотир дорам, ӯ аз зарбаи ҷаримавӣ гол зада, мо 1:0 ғалаба кардем. Он замон ман ба ӯ Робер Зара (ҳимоятгари маъруфи австриягӣ) лақаб гузоштам," - ба ёд меорад коршиноси соҳаи варзиши тоҷик Азим Яқубов.

Собиқадори футбол Лев Гинзбург низ дар шабакаи Facebook дар бораи Шӯҳрат Азамов чунин навиштааст:

"Ман ӯро ба Хуҷанд ҳамчун мураббии дуюм гирифтам, сипас бо ташаббуси ман, вақте ки дар зиндагӣ ва футбол ба ман хеле вазнин буд, ӯ мураббии асосӣ шуд. Ӯ шахси хеле меҳрубон, бомасъулият буд. Барои ман ин як талафоти бузург аст. Андуҳи бузург".

Аз тамоми Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба наздикон ва хешовандони Шӯҳрат Азамов - яке аз футболбозони машҳури дастаи машҳури «Помир» (Душанбе) ирсоли тасаллиятҳо идома доранд.

Ӯ тамоми муддат дар Лигаи якуми Иттиҳолди Шӯравӣ дар ҳайати Помир бозӣ кардааст. Давоми солҳои 1971-1982 дар 336 бозӣ иштирок карда, 11 гол задааст. Бо сабаби ҷароҳат бардоштан (мениск) бозиро қатъ кард.


Давраҳои омӯзишии (курсҳои) мураббигиро дар Арабистони Саудӣ хатм кардааст. Солҳои 1989-1991 мураббии «Хуҷанд» буд. Солҳои 1992-2009 ба ҳайси мураббӣ дар сохтори дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» кор кардааст.

Моҳи феврали соли 2009 ташхис нишон дод, ки Шӯҳрат Азамов ба бемории мағзи сар гирифтор шудааст. Сипас хотираашро аз даст дод. Солҳои охир қариб ҳамеша бистарӣ буд.

Замоне ӯ мактаби мусиқиро хатм намуда, рубоб менавохт. Маълумоти олии иқтисодӣ дошт.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!