Манижаи Муродӣ, духтари истаравшанӣ, ки чанде пештар бо навиштани мактуб аз раисҷумҳури Тоҷикистон хост, барояш барои идома таҳсил дар донишгоҳ кумак кунад, вагарна ӯро ба шавҳар медиҳанд, донишҷӯ шудааст.
Манижа имсол мактаби №50 - и деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшанро хатм карда, барои идомаи таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои кишвар, ба Маркази миллии тестӣ (ММТ) ҳуҷҷат супорид, аммо дар имтиҳон натавонист холи заруриро соҳиб шавад.
Дар пайи ин ӯ ба унвони раисҷумҳури кишвар мактуб карда, аз ӯ барои мусоидат ҷиҳати идомаи таҳсил дар донишгоҳ кӯмак хост ва таъкид кард, ки дар сурати маҳрум шудан аз идомаи таҳсил ӯро ба шавҳар медиҳанд.
Бо гузашти бештар аз як моҳ аз ин муроҷиат, модари Манижаи Муродӣ ба “Азия-Плюс” ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, духтараш тавонистааст такроран имтиҳон супорида, донишҷӯ шавад.
“Манижа дар марҳилаи дуюми қабули донишҷӯён тариқи ММТ холи заруриро соҳиб ва ба факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба гуруҳи буҷавӣ дохил шуд. Дирӯз ӯро ба шаҳри Хуҷанд бурда, ба донишгоҳ гусел кардем. Ҳоло дар хонаи яке аз пайвандонамон ҷойгир шудааст”, - гуфт модари Манижа.
Аммо модари Манижа таъкид кард, ки ба мактуби саркушоди духтараш то ҳол посухе дарёфт накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки мактуби Манижа охири моҳи июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардид ва вокуниши гуногунро ба миён овард. Бисёре аз корбарон аз Манижа ҷонибдорӣ карда, хостаанд, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба ӯ ёрӣ расонанд.
Бояд гуфт, тибқи қонун монеъ шудан барои таҳсил ва ё иҷборӣ ба шавҳар додани духтар манъ аст ва дар пай муҷозот дорад.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста