Ба ҳолати 8-уми октябри соли ҷорӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи кишвар барои зимистонгузаронӣ 44 ҳазору 569,7 тонна ангишт, 39 ҳазору 961,7 метри мукааб ҳезум ва 19 ҳазору 609 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ медиҳад.
Тибқи талаботи муассисаҳои соҳаи маорифи кишвар барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони соли 2024-2025 дар маҷмуъ 56 ҳазору 290 тонна ангишт, 54 ҳазору 176,1 метри мукааб ҳезум ва 116 ҳазору 810 литр сӯзишвории дизелӣ бояд захира гардад. Алҳол 79 фоиз ангишт, 74 фоиз ҳезум ва 17 фоиз сӯзишвории дизелии дар нақша пешбинишуда иҷро гардида, 21 фоиз ангишт, 26 фоиз ҳезум ва 83 фоиз сӯзишвории дизелии дар нақша пешбинишуда захира нашудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, айни замон захираи сӯзишворӣ ва хӯрока идома дорад.
Дар куҷо чанд дарсад захира шуд?
Тибқи маълумоти Сарраёсати шаҳри Душанбе, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ангишт 28 фоиз, ҳезум 109 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 130 фоиз таъмин гардидааст.
Дар муассисаҳои ҳудуди вилояти Суғд бошад захираи ангишт ва ҳезум 100 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 7 фоиз иҷро шудааст.
Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фоизи иҷроиши захираи ангишт ба 86, ҳезум 66 ва сӯзишвории дизелӣ ба 10 баробар аст.
Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ захираи ангишт 64,3 фоиз, ҳезум 54,5 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 23,5 фоизро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки талаботи муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маводи сӯзишворӣ барои тирамоҳу зимистонгузаронӣ 5450,5 тонна ангишт, 7737,9 метри мукааб ҳезум ва 1790 литр сӯзишвории дизелиро ташкил медиҳад. Дар ин вилоят ба ҳолати 8-уми октябри соли 2024, 5465,83 тонна ангишт (100 фоиз), 7521,7 метри мукааб ҳезум (97 фоиз) ва 700 литр сӯзишвории дизелӣ (39 фоиз) захира карда шудааст.
Тавре ин ниҳод иттилоъ медиҳад, дар муассисаҳои соҳаи маорифи кишвар дар маҷмӯъ 1591 дегхонаи хурду бузург, 23 ҳазору 648 гармкунаки барқӣ ва 47 ҳазору 834 печи аловӣ омода гардидааст.
Шишабандии дару тирезаҳо бошад 15 046 метри мураббаъ ё 58,9 фоиз иҷро шудааст. Тибқи нақша дар умум 25 ҳазору 548,6 метри мураббаъ бояд шишабандӣ шавад.
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста