Имрӯз Хушқадам Давлатқадамов, ходими шинохтаи давлатии замони шӯравии тоҷик ва яке аз роҳбари Бадахшон 100-сола шуд. Ӯ на танҳо як роҳбари сиёсӣ, балки файласуф низ буд. Мавсуф яке аз он чеҳраҳоест, ки зиндагиашро ба роҳи хидмат ба халқу ватан сарф кард ва ҳамеша пешрафт ва ободии диёрашро мехост. Мо ба корнома ва рӯзгори Хушқадам Давлатқадамов муруре кардем.
Роҳе то қуллаҳои роҳбарӣ
Хушқадам Давлатқадамов 5-уми декабри соли 1924 дар деҳаи Емси, ноҳияи Рӯшон чашм ба олам кушод. Падару модараш - Давлатқадам ва Некбахтсултон - аз аввалин аъзоёни колхози “Комсомол” буданд. Хушқадам фарзанди калонии оила, аз ҳамон оғози ҷавонӣ бори масъулиятро бар дӯш гирифт.
Солҳои 1937, бо вуҷуди шароити душвори он замон, ӯ мактаби ҳафтсолаи деҳаашро бо баҳои аъло хатм кард. Истеъдоди зотиашро ба инобат гирифта, ҳамон замон ӯро муаллими ҳамин мактаб таъйин карданд. Ин солҳо бо Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Падараш ихтиёран ба ҷанг рафт ва баъд аз баргаштан ба беморие гирифтор шуда, вафот кард.
Хушқадам дар ин солҳои душвор пуштибони модару бародарону хоҳаронаш гашт. Қобилияти ташкилотчигӣ ва сухандониаш боис шуд, ки ӯро ба кумитаи ҳизбии ноҳияи Бартанг даъват кунанд.
Оғози фаъолияти сиёсӣ
Фаъолияти сиёсиашро чун тарғибкунанда оғоз кард. Баъдан котиби аввали кумитаи комсомолии ноҳия, лектор, котиби кумитаи ҳизбии ноҳия ва минбаъд ба вазифаҳои баландтар расид.
Солҳои 1970-1978 ҳамчун котиби якуми Кумитаи вилояти Бадахшони Кӯҳии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (яъне раиси вилояти Бадахшон) хидмат кард. Дар ин давра ӯ ба пешрафтҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ дар вилояти Бадахшон расид. Аз ҷумла, дар замон роҳбарии ӯ истеҳсолот 46 дарсад афзуд, майдонҳои кишт 2,9 маротиба васеъ гардиданд, шумораи чорво се баробар зиёд шуд.
Маҳз дар давраи роҳбарии Хушқадам Давлатқадамов ба шаҳри Хоруғ дастгоҳи қабули мавҷҳои телевизионӣ оварда шуд, ки баъди васли он мардуми Бадахшон барномаҳои телевизиони умумииттифоқиро тамошо мекарданд. Дар ин замон як қатор роҳҳо ҳам сохта шуд, ки Бадахшонро ба маркази давлат ва дигар шаҳру навоҳӣ мепайваст. Хушқадам Давлатқадамов дар пешравии иҷтимоии вилоят, бахусус маорифу маданият ва тандурустӣ низ диққати махсус дошт. Он солҳо дар Помир 5 ҳазор мутахассиси дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус фаъолият доштанд.
Соли 1978 Давлатқадамов ба вазифаи Вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин давра як қатор мактабҳои олӣ таъсис ёфтанд, шӯроҳои нави дифои рисолаҳо ба фаъолият оғоз карданд.
Дар ин давраи фаъолияташ ӯ дар чандин чорабиниҳои умумииттифоқию байналмилалӣ, аз қабили симпозиум ва конференсияҳои илмию амалӣ ширкат варзида, ба иштирокдорони онҳо нерӯ, навоварию проблемаҳо ва нақшаҳои минбаъдаи макотиби олии ҷумҳуриро муаррифӣ менамуд.
Хушқадами файласуф
Дар канори фаъолияти сиёсӣ, Хушқадам Давлатқадамов як олими варзида низ ба ҳисоб меравад. Мавсуф нахуст Мактаби ҳизбии назди Кумитаи ҳизби коммунисти Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм намудааст. Баъдтар ӯро ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд фиристонданд, ки он замон ин мактаб яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи бозомӯзии кормандони ҳизбӣ дар Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт.
Давлатқадамов аз овони ҷавонӣ ба фалсафа таваҷҷӯҳи махсус дошт ва ҳатто ҳамон солҳо профессор Ким, яке аз устодонаш, гуфта, ки “Хушқадам Давлатқадамов дар масъалаи муносибатҳои миллӣ файласуфи тавоно аст”.
Рағбат ба фалсафа Хушқадамро ба Академияи илмҳои назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Маскав бурд. Дар ин ҷо ӯ рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Таҳкими ягонагии иҷтимоӣ ва тавъамии миллатҳои сотсиалистӣ” ҳимоя намуд ва номзади илми фалсафа шуд.
Гуфтовардҳо аз корнома ва рӯзгори Хушқадам Давлатқадамов
Ҷаббор Расулов, котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон:
“Рафиқ Давлатқадамов дар давраи фаъолияташ дар мақомоти комсомолӣ, ҳизбӣ ва шӯравӣ худро ҳамчун шахси дорои камолоти сиёсӣ, ходими нерӯманд, ташкилотчии хуб, ба худу зертобеонаш серталаб ва дар ҳалли масъалаҳо принсипиалӣ нишон додааст.
Дар вилоят сохтмони манзилгоҳҳо, объектҳои таъйиноти фарҳангию маишӣ ба таври густурда ба роҳ монда шуда, дар роҳи электриконию радификатсионии нуқтаҳои аҳолинишин, беҳтар намудани савдо ва хизмати маишии аҳолӣ корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд.
Рафиқ Давлатқадамов шахси дилсӯз, меҳрубон ва дар рӯзгору рафтораш хоксор буда, дар байни фаъолони ҳизбию шӯравӣ ва меҳнаткашони вилоят сазовори обрӯ ва эътибори баланд аст”.
Шамсиддин Орумбеков, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон:
“Олими шинохта ва ходими намоёни давлатӣ Хушқадам Давлатқадамов аз зумраи он роҳбаронест, ки ҳам назарияи роҳбариро хуб медонист ва ҳам амалан онро рӯйи кор меовард. Вай чи дар ҷодаи илм ва чи роҳбарӣ ба мартабаи бузург соҳиб гардида, заковату фарҳанг ва дониши ҷуқурашро мавриди хизмати халқи диёраш қарор дода буд.
Қобилияти баланди ташкилотчигӣ, зеҳни тезу сухани пуртаъсир Хушкадамов Далатқадамро дар арсаи сиёсату давлатдорӣ низ комёб гардонд. Вале ҳалимӣ, хоксорию меҳрубонӣ ва эҳтиром нисбати чӣ хурду чӣ бузург ҳамеша дар қалбу рафтораш ҷойгузин буд.
Ҳақиқатбаёнӣ, таҳлили воқеии факту рақамҳо, масъалагузории асосноку натиҷабахш аз услубу сабки дӯстдоштаи Хушқадам Давлатқадамов мебошад. Вай бо ифодаи худаш “хурдандешӣ”-ро намепазируфт”.
Давлатқадам Хушқадамов, писари Хушқадам Давлатқадамов:
“Яке аз хислатҳои неки падар ин эҳтироми хурду бузург, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоию вазифаашон буд. Ба ҷои корашон пиёда рафта меомаданд. Ба маъракаҳои дафну азодории шиносу ҳамсояҳо ҳатман мерафтанд ва мардум эҳтиромашонро то кунун гиромӣ медоранд.
Хоксор мезистанд, ба молу маноли дунё ҳавас надоштанд. Боре ҳодисае рух дод, ки ҳамин хислати он кас ҳатто намояндаи Маскавро ҳам дар ҳайрат гузошт.
Падарам китобхониву навохтани асбобҳои мусиқиро, аз қабили рубобу сетор, хеле дӯст медоштанд ва хастагии хешро бо мусиқиву хондани китобҳо рафъ мекарданд. Дар ҳар бозгашт аз сафарҳои хидматӣ ҳатман китоб меоварданд. Китобро хеле эҳтиром мекарданд ва доимо таъкид менамуданд, ки варақҳои китобро қатъ накунед, дар он чизе нанависед ва тозаву озода нигоҳ доред.
Шавқу рағбаташон ба осори шоирони классик Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Садриддини Айнӣ, Абдулқосим Лоҳутӣ ва дигарон хеле зиёд буд. Китобхонаи хеле ғаниашон то кунун боқист”.
Фақат се бор бистарии бемористон шуд...
Ба гуфтаи пайвандон, Хушқадам Давлатқадамов дар умрашон се маротиба дар бемористон бистарӣ шудааст. Бори охир ду рӯ пеш аз мавлудаш, 3-юми декабри соли 1995, дар 71-солагӣ дар шуъбаи амрози қалби бемористони Қарияи Боло ҳамагӣ се соат хобидаву дунёи фониро тарк намуд. Варо ба зодгоҳашон деҳаи Емсии ноҳияи Рӯшон бурда, ба хок супурданд.
Хидматҳои Хушқадам Давлатқадамов бо орденҳои “Инқилоби Октябр”, “Байрақи сурхи меҳнат” ва 4 медали дигару чандин ифтихорномаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шудааст.
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сайёди зоҳиднамо ва мурғи зирак”
Даргузашти Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста