Дар Тоҷикистон имрӯз, 25-уми август маъракаи эмкунӣ зидди бемори сурхакон миёни кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола оғоз гардид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эълон кард, ки эмкунӣ то рӯзи 6-уми сентябр дар 14 шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида мешавад.
Ин вазорат мегӯяд, ки рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхакон, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ гирифта шудааст.
Ба иттилои расмӣ, эмгузаронӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Исфара, Панҷакент, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кӯшониён, Восеъ, Вахш, Фархор гузаронида мешавад.
Вазорат мегӯяд кӯдаконе, ки дар муддати аз 6-уми сентябри соли 2020 то 6 -уми марти соли 2025 таваллуд шудаанд, эм карда мешаванд.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, тасмими эмгузаронӣ дар бархе шаҳру ноҳияҳои кишвар ба хотири эҳтимоли зиёди гирифторшавии кӯдакони ин минтақаҳо ба бемории сурхакон гирифта шудааст.
“Бо назардошти он ки солҳои пеш дар ин шаҳру ноҳияҳо ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории сурхакон сабт шуда буд, баъди таҳлил хулоса бароварда шуд, ки дар 15 шаҳру ноҳияи кишвар, теъдоди муайяни кӯдакон эм карда шаванд. Чунки дар аксари ин минтақаҳо кӯдаконро эм накардаанд ва бархе шаҳрвандон аз Русия баргаштаанд, ки лозим аст кӯдаконашон эм кунанд. Таҳлилҳои пешакӣ нишон дод, ки зарурати гузаронидани эмкунӣ ҳаст”, - иброз дошт Наврӯз Ҷаъфаров.
Номбурда гуфт, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо кишвар эҳтимолияти гирифторшавии кӯдакон ба бемории сурхакон вуҷуд надорад.
Аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар беморхонаҳои пойтахт ягон ҳолати мубталошавӣ ба бемории сурхакон ба қайд гирифта нашудааст. Намояндаи раёсат афзуд, ки “эмгузаронӣ танҳо ба хотири пешгирии ин беморӣ дар миёни кӯдакон аст”.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз духтурон дар беморхонаҳои пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории сурхаконро дар шаҳри Душанбе мушоҳида кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки ин мавридҳо ба мисли солҳои қабл вахим нест, аммо эҳтимоли хуруҷи дубораи ин беморӣ мавҷуд аст.
Бояд гуфт, ки соли 2022 низ бемории сурхакон дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод ба қайд гирифта шуда, маъракаи эмкунӣ алайҳи бемории сурхакон моҳи сентябри ҳамин сол баргузор шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки аввали имсол нигарониҳо аз хуруҷи бемории сурхакон дар миёни кӯдакон расонаӣ гардид. Сокинон ва духтурони беморхонаҳои кишвар аз “якбора зиёд шудани теъдоди беморон бо нишонаҳои гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ” изҳори ташвиш карда буданд. Аммо Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таъкид карда буданд, ки хуруҷи бемории сурхакон дар кишвар сабт нашудааст.
Бояд гуфт, ки дар соли 2022 дар Тоҷикистон 425 нафар ба бемории сурхакон мубтало шуда буданд. Соли 2021 ҳамагӣ 10 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Душанбе, Рашт ва Нуробод аз манотиқе будаанд, ки солҳои 2021 ва 2022 олудагӣ ба ин беморӣ сабт шудааст.
Сурхакон бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, сатҳи хеле баланди сирояткунанда дорад, ки ангезандаи он вируси сурхакон мебошад. Ҳарорати баланд (то 40,5 °C), илтиҳоби луобпардаи холигоҳи даҳон ва роҳҳои болоии нафас ва доғҳои хоси макулопапулярии пӯст, заҳролудшавии умумӣ нишонаҳои ин беморӣ мебошанд.





“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста