Аз 1-уми сентябри соли 2025 бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳамаи истифодабарандагон тағйир ёфт.
Қарори шаҳрдори Душанберо дар бораи тағйири нархи оби нӯшокӣ ва корез Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар саҳифаи фейсбуки худ нашр кардааст.
Бо насби ҳисобкунак
Тибқи ин қарор, барои онҳое, ки пули обро тариқи ҳисобкунак пардохт мекунанд, нархи оби нӯшокӣ чунин хоҳад буд:
Аҳолӣ - 2,60 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2,26 сомонӣ);
Ташкилоти буҷетӣ - 3,59 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2, 77 сомонӣ);
Ташкилоти тиҷоратӣ - 9,10 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 4,28 сомонӣ).
Бе насби ҳисобкунак
Онҳое, ки бидуни насби ҳисобкунак пули обро пардохт мекунанд, нарх барои 1 нафар ва дар як моҳ, ба таври зайл муқарар шудааст:
Барои биноҳои баландошёна - 28,07 сомонӣ (пештар 10,61 сомонӣ);
Барои ҳавлиҳои хусусии бо об ва корез таъминбуда - 23,39 сомонӣ (пештар 7,1 сомонӣ);
Барои хонаҳое, ки аз ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд - 7,41 сомонӣ (4,94 сомонӣ).
То ин замон сокинони кишвар барои обу корез ва партов чанд пул пардохт мекарданд дар матлаби “Оби нӯшокӣ, партов ва корез: сокинони минтақаҳои Тоҷикистон барои хадамоти коммуналӣ чанд пул пардохт мекунанд?” мутолиа кунед.



Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста