Сафарбӣ Давлатова, нозири ҳифзи ҷангали мамнуъгоҳи "Даштиҷум"-и Тоҷикистон бо ҷоизаи маъруфи байналмилалии "International Ranger Award 2025" қадрдонӣ шуд. Ин ҷоиза дар доираи Конгресси ҷаҳонии ҳифзи табита дар Абу-Забӣ ба ин зани тоҷик тақдим гардид.
Созмони "International Union for Conservation of Nature" (IUCN) ва Комиссияи ҷаҳонии он оид ба қаламравҳои ҳифзшаванда (WCPA) ҳамасола ҷангалбононро аз саросари дунё барои ҷасорат, садоқат ба кор ва саҳмашон дар ҳифзи табиат бо ҷоизаҳо сарфароз мегардонанд.
Соли равон, 13 нафар ва 13 даста, аз ҷумла Украина, Мадагаскар, Лубнон ва Тоҷикистон ҷоиза гирифтанд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки рӯзи 11-уми октябр дар Абу-Забӣ баргузор шуд, сарони кишварҳо, олимон ва намояндагони созмонҳои ҳифзи табиат ширкат варзиданд.
“Ҷоизаи байналмилалии ҷангалбонон барои соли 2025 далерӣ, фидокорӣ ва садоқати доимӣ ба кори онҳоро дар саросари ҷаҳон таъкид месозад. Ин афрод ва гурӯҳҳо нигаҳбонҳои низомҳои экологии аз ҳама арзишманди сайёраи мо мебошанд.
Кори онҳо аз ғамхорӣ нисбат ба навъҳои зери хатари нобудшавӣ то ҳифзи манзараҳои нозук миёни таҳдидҳо ва мушкилиҳо илҳомбахш буда, ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳифзи табиат вазифаи умумӣ ва масъулияти дастаҷамъӣ аст.

IUCN ҳамаи ҷангалбонҳои ҷаҳонро дастгирӣ намуда, дастовардҳои барҷастаи онҳоро ҷашн мегирад ва садоқати дастаҷамъонаи худро ба дастгирӣ ва тақвияти имконоти онҳо, ки дар сафи пеши ҳифзи мероси табиии мо барои наслҳои оянда қарор доранд, тасдиқ менамояд", -гуфтааст Гретел Агилар, директори генералии "IUCN".
Тайи 15 соли ахир беш аз 1500 ҷангалбон ҳангоми иҷрои вазифаи худ ҷон бохтаанд. Созмон зикр мекунад, ки бисёре аз ҷоизадорон дар шароити хатарнок фаъолият дошта, барои ҳифз ва нигаҳдории табиати ваҳшӣ ҷони худро зери хатар мегузоранд.
Зиёда аз 16 километр ва 6000 ниҳол
Сафарбӣ Давлатова аз Тоҷикистон барои пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳифзи намудҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта қадрдонӣ шуд.

“Ҳамчун ягона зани ҷангалбон дар мамнуъгоҳ, Сафарбӣ ба меъёрҳои гендерӣ муқовимат карда, бо ҳайвоноти ваҳшии хатарнок рӯбарӯ мешавад ва тавассути муколама бо дарахтбурҳо мубориза мебарад.
Ӯ ҳамарӯза беш аз 16 километр минтақаҳои кӯҳистонро посбонӣ мекунад, то ҳаракати ҳайвоноти ваҳширо назорат намуда, аз буридани ғайриқонунии дарахтон ҷилавгирӣ намояд. Бахусус Сафарбӣ мавзеи парвариши ниҳолҳои нокро, ки зери хавфи нобудшавӣ қарор доранд, идора намуда, зиёда аз 6000 ниҳол парвариш мекунад.
Ба ғайр аз омӯзиши сокинони маҳаллӣ, бо услуҳои рушди устувор, ӯ инчунин ҷонибдори иштироки фаъолонаи занон дар ҳифзи табиат аст”, — гуфта мешавад иттилоияи IUCN.
Сафарбӣ Давлатоваро ба ин ҷоиза, намояндагии "Fauna & Flora International" (FFI) дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки аз соли 2008 дар кишвар фаъолият мекунад.
Созмони Fauna & Flora International (FFI), соли 1903 таъсис ёфта, қадимтарин ташкилоти байналмилалии ҳифзи табиат мебошад ва дар беш аз 48 кишвар фаъолият дорад. Дар Тоҷикистон, FFI лоиҳаҳоро барои ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳтар намудани идоракунии минтақаҳои ҳифзшаванда ва муҳофизати намудҳои нодир, аз ҷумла бабри сафед, сангпушти саҳроӣ, нокҳои ваҳшӣ ва лолаҳо амалӣ мекунад.



