Ғуломризо Тариқӣ, шоири ғазалнависи эронӣ, ки дар Намоишгоҳи “Китоби Душанбе” масъули гӯшаи Эрон буд, дар меҳмонии “Азия-Плюс” пиромуни бардошти худ аз доираҳои адабии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳ ба китоб, мизони нашри китоб дар Эрон, шеваи тарҷумаи асарҳои ҷаҳонӣ ва бозгӯи китобҳои классикӣ суҳбат кард.
Ӯ, ки дар Эрон низ бо ғазалсароӣ маҳбубият касб кардааст ва бештар аз 30 сол инҷониб қаламкашӣ мекунад, муовини бахши адабиёти “Хонаи китоб ва адабиёт”-и Эрон будааст. То имрӯз 12 маҷмуаи шеърӣ ва 3 маҷмуаи навиштаҳои достонӣ ва насрии ӯ мунташир шудаанд.
Тариқӣ, ки масъулияти гӯшаи Эронро дар намоишгоҳи китоб ба дӯш дошт, гуфт, дар намоишгоҳи китоб таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва вижаи ду гурӯҳ мухотабони китоб барояш ҷолиб буд. Як гурӯҳ бузургсолон будаанд, ки аз кӯдакӣ бо адабиёти форсӣ ошно буданд ва гурӯҳи дигар таваҷҷуҳи ҷавонони аз 18 то 23-сола, ки аксар донишҷӯ буда, дунболи китобҳои мутааллиқ ба Ҳофизу Саъдиву Мавлоно ва шарҳи ин осор буданд.
“Нафароне, ки дар Эрон дар ин синну соланд, ба китобу осори классикон шояд ин мизон ва алоқаро надошта бошанд. Ман фикр намекардам, ки байни нафарони ҷавонтар ва навҷавонтари шумо ин қадр алоқа ба китоб вуҷуд дошта бошад”, - гуфт Тариқӣ.
Ӯ аз истиқболу муҳаббати аҳли фарҳанги Тоҷикистон аз гӯшаи Эрон ва китобҳои мунташироти эшон изҳори хушҳолӣ ва ҳамзамон таҳайюр кард ва инро ба решаҳои муштараки ду кишвари ҳамзабон, ки ба хондани адабиёти гузашта доштему дорем, рабт дод.

“Бархе муассисоти фарҳангӣ молиёт намесупоранд”
Ғуломризо Тариқӣ аз Намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” низ, ки “аз назари вусъат ва харидуфурӯш қобили муқоиса нест”, таъриф кард. Ба гуфтаи ӯ, дар Эрон беш аз 5 ҳазор ношир буда, 3 ҳазори эшон ба таври мудовим китоб мунташир мекардаанд.
Яке аз вижагиҳои Намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” ин будааст, ки давлат барои таблиғи китоб маблағи қисме аз китобҳоеро, ки дар ин намоишгоҳ харидорӣ мешавад, пардохт мекардааст.
“Давлат барои ҳар шаҳрванде, ки аз намоишгоҳ китоб мехарад, то 40 дарсад маблағашро пардохт мекунад ва кумак ба шакли ёрона анҷом мешавад”, - тавзеҳ медиҳад ӯ.
“Дар Эрон ағлаби ноширон хусусӣ буда, сарпараст доранд. Воқеият ин аст, ки дар Эрон ҳадафи сарпарастон дар ҳавзаи ҳунар ва фарҳанг суду тиҷорат нест. Бисёр муассисоти тиҷорӣ ва ширкатҳои бузург, ки пурҳазинатаранд, ба унвони бахше аз масъулияти иҷтимоиашон барои як, ду ё се насл дар тавлиди китоб ё харидашон хидмат мекунанд”, - тавзеҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи шоири эронӣ, дар ин кишвар агар як ширкати бузурги тиҷорӣ тӯли сол аз китоб ҳимоят ва сармоягузорӣ кунад, дар поёни сол бахше аз молиёт барои ин ширкат кам мешудааст ва метавон яке аз далоили сармоягузории теъдоди сарпарасонро дар Эрон ба ин имтиёз рабт дод.
“Ҳамчунин дар Эрон муассисаҳои нашру тадвин ва ё фурӯшгоҳҳои китоб дар муқоиса бо дигар муассисаҳо молиёти камтар пардохт мекунанд ва ҳатто баъзе аз ширкату муассисаҳои фарҳангӣ тамоман молиёт намесупоранд”, - мегӯяд Тариқӣ.
Ҳамчунин дар Эрон ин имтиёз ба пардохти маблағи обу барқ аз сӯйи муассисаҳои фарҳангӣ тадбиқ мегардидааст.
Аммо Ғуломризо Тариқӣ мушкили молӣ ва ё гаронии китобро монеъи аз китоб дур шудани мардум намедонад.
Тарҷумаи фаврии асарҳои ҷаҳонӣ
Дар Эрон ҳар китобе, ки дар дунё нашр мешавад, билофосила ба форсӣ тарҷума ва мунташир мегардидааст. Ғуломризо Тариқӣ гуфт, шояд як романе, ки дар кадом гӯшаи дунё мунташир мешавад, дар камтар аз як моҳ дар Эрон нашр шавад. Ҳоло дар Эрон тавозуни китобҳои тарҷумашуда ва китобҳое, ки муаллифонашон аз Эрон ҳастанд, мусовӣ буда, дар ин ҳавза роман ва достон бартарият доштаанд.
“Дар Эрон тарҷумаи дилхоҳ асар аз забони асл сурат мегирад ва роиҷ нест, ки тарҷумаи сеҷониба анҷом шавад. Ҳамчунин аксари китобҳои хориҷӣ, ки дар Эрон тарҷума мешаванд, чандин тарҷума доранд. Масалан, китобе панҷ тарҷума дорад ва имкон доред, ки вобаста ба эътибори ношир ва мутарҷим интихоб кунед”, - мегӯяд Тариқӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар Эрон гурӯҳи мутарҷимоне ҳастанд, ки машҳур буда, ҳамчун мутарҷими як забон, ё русӣ, ё инглисӣ ва ё олмониву фаронсавиву итолиёвӣ маъруф гардидаанд ва вақти интихоб мухотабон бетардид тарҷумаи эшонро интихоб мекунанд.
“Масалан, Асадулло Ҳамроҳӣ яке аз мутарҷимони беҳтарини забони инглисӣ аст ва агар ҷое романеро дидем, ки тоза чоп шудаву рӯяш исми ӯст, харидорӣ мекунем”, - тавзеҳ медиҳад ӯ.
Ҳамчунин дар ин кишвар баъзе ноширон низ ба интишори асарҳои тарҷумашуда ихтисос дода шудаанд.
Алиф, бе, сим, дол... Раддабандии синнусолӣ дар бозгӯи асарҳо
Ба қиссаи шоир, дар Эрон бозгӯи асарҳои классикон барои наврасону кӯдакон маъмул аст. Ҳам китобҳои ҳавзаи адабиёти классик, ҳам китобҳои таърихиву ҳам масалҳо бо шакли содатар ва ё баргардон ба насру додани тавзеҳ ба кӯдакон пешниҳод мешудааст, то ба ин адабиёт алоқаманд шаванд.

Ба нақли ӯ, китобҳое, ки барои кӯдакон мунташир мешаванд, як тафовуте синнусолӣ доштаанд.
“Масалан, онҳо ба табақот ҷудо шуда, алиф, бе, то симу дол раддабандӣ шудаанд ва ҳар яке барои синну соли мутафовити кӯдакон муайян шуда. Масалан, алиф барои кӯдакони синни 4-5 сола аст ва ҳамин низом идома меёбад”, - мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, барои кӯдакони синни хурд танҳо сужа, яъне қиссаро нақл мекунанд ва аз 7-8 то 10-11-сола дар баробари бозгӯ бахше аз асар низ дар шакли асл оварда шуда, дар зер тавзеҳ дода мешавад. Барои синнашон бузургтарон аллакай маъниҳои ниҳонии асар, хулоса ва ҳикмати асар бозгӯ мешавад.
“Бахше аз адабиёти фолклори гузашта ба шакли тасвирӣ тавзеҳ дода мешавад, ки кӯдакон хеле истиқбол мекунанд. Достонҳое, ки ба шакли содатару қобили фаҳм ба кӯдакон пешниҳод мешавад, ҷузъе аз китобҳои пурфурӯштарин дар Эрон мебошанд”, - мегӯяд ӯ.
“Шеъри имрӯзи Тоҷикистон андаке кундтар аст”
Ғуломризо Тариқӣ мегӯяд, бо исмҳои машҳури удабои тоҷикистонӣ, ба мисли Гулрухсор ошно аст ва баъзе ашъори ба хати форсӣ баргардоншудаи онҳоро дар маҷаллаҳо хондааст, аммо ба далели мутафовит будани хат, аз осори қаламкашони имрӯзи тоҷик комилан огоҳ нест.

“Дар умум, шеъри муосири Тоҷикистон нисбат ба шеъри муосири Эрон заифтар аст. Дар Афғонистон низ чунин иттифоқ афтод ва мо худамон низ дар даврае дучори таваққуф шудем. Яъне баъди шоироне,ки дар сабки ҳиндӣ шеър мегуфтанд, шеъри форсӣ қариб дусад сол мутаваққиф шуд”, - тавзеҳ медиҳад шоир.
Ба гуфтаи ӯ, далели зудтар оғоз гардидани марҳилаи эҳёи шеър дар Эрон ин падид омадани шоири сад сол пеш, Нимо Юшиҷ аст, ки барои эҳёи шеър пешниҳодоти ҷадиду тарҳи нав дод ва шогирдонаш ин масирро идома доданд.
Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи эҳёи шеър дар Тоҷикистон дертар оғоз гардид ва далелаш ҳам таҳти таъсиру ҳукмронии забону адабиёти рус мондани тоҷикон аст.
Китобҳои савтӣ
Шоири эронӣ мегӯяд, истифодаи китобҳои савтӣ тақрибан даҳ соли охир дар Эрон хеле босуръат роиҷ шудааст ва барномаҳои махсуси китобҳои савтӣ низ мавҷуданд. Аз ҷумла, хонандаи тоҷик метавонад тавассути барномаи “Навор” (نوار), ки дар пойгоҳҳои боргирӣ дастрас аст, аз китобҳои савтӣ истифода кунад.

“Имрӯз теъдоди подкастҳое, ки дар Эрон тавлид мешавад, хеле зиёданд ва тақрибан 90 дарсади онҳо китобмеҳвар буда, боқӣ фарогири дигар бахшанд. Як гурӯҳ гӯяндагони ҳирфаӣ ва ҳатто бозигарони машҳури синамо ва ё худи шоирон ва нависандагон имрӯз китобҳои савтӣ мехонанд, ки метавонад фарогирии асарро даҳҳо маротиба боло барад”, – мегӯяд ӯ.
Аммо, ба гуфтаи ӯ, ин осебзананда нест ва ҳеҷ биме надорад, ки ҷойи китобро бигирад.
Шоир яке аз далоили мусбати ин шеваи китобхониро пайдо кардани дастрасии мардуми Тоҷикистону Эрон ба адабиёти ҳамдигар медонад. Зеро дар ҳоле ки китобҳо ба хати ҳамдигар кам мунташир мешаванд, метавон аз китобҳои савтӣ истифода кард, ки мушкиле дар дарку фаҳмиш надорад.
Худи Ғуломризо тариқӣ низ андеша дорад, ки оянда китобҳояшро ҳаддиақал дар шакли маҷозӣ дастаси хонандаи тоҷик гардонад.
Шарҳи ҳоли мухтасар:
Ғуломризо Тариқӣ шоири ғазалсарои Эрон буда, соли 1977 дар шаҳри Занҷон зода шудааст. Ӯ аз 18-солагӣ ба гуфтани шеър пардохта, дар ин ҷода шогирди Ҳусайни Мунзавӣ, аз шоирони барҷастаи муосири Эрон будааст.
То имрӯз 12 маҷмуаи ашъори ӯ, аз ҷумла "Ҷаҳон ғазале ошиқона аст" , "Ҳар луъбате як кабӯтари сурх аст",
"Оквориум" , "Борон агар биборад" , "Ба ҷаҳаннам" , "Имон биоваред ба тамдиди фасли сард" , "Он қадр пурам аз ту, ки кам мондаӣ, биборам" , "Сафедии ту, сиёҳии ман" ва "Шалтоқ" дар ин радиф қарор доранд. Ҳамчунин се китоби маҷмуи достон ва нигоштаҳои насриаш, чун "Рангинкамон" ва "Мозии қариб" ба дасти хонандагон расидааст.
Ғазалҳои Тариқӣ дорои оҳанги хосе буда, аз ҷониби сарояндагони маъруфи ин кишвар, аз ҷумла Ҳумоюни Шаҷариён, Алиризо Қурбонӣ, Муҳаммади Муътамадӣ ва Ормони Гаршосбӣ оҳанг баста шудаанд. Ӯ ҳоло муовини бахши адабиёти "Хонаи китоб ва адабиёт"-и Эрон аст.





То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шартии нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста