Ҳуши маснӯӣ (AI)-и ёвари ҳуқуқии "Moni" ин захираи иттилоотиест, ки барои фаҳмиши қонунҳо ва заминаи меъёриву ҳуқуқӣ бунёд шудааст. Замима дар бораи мавзуъҳои гуногун - аз масоили андоз то ҳуқуқ ба қитъаи замин ба корбарон ройгон маълумот пешнҳиод мекунад.
"Moni" барои дарки муқаррароти қонун, пайдо кардани моддаҳои дахлдор дар кодекс ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ёрӣ мерасонад. Айни замон дар сомона метавон бо забонҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, қазоқӣ савол дод ва посух гирифт.
Мазмун ва посухҳое, ки платформа таҳия мекунад, ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дастрас асос ёфтаанд.
Ҳамчунин, маълумот дар "Telegram-канал" бо ин пайванд низ дастрас аст:
То замони нашри ин хабар ба он 52 кас обуна шуда буданд.
Таҳиягарон зикр мекунанд, ки "Moni" машварат ё тафсири ҳуқуқӣ намедиҳд ва хидматҳои ҳуқуқӣ низ пешниҳод намекунад. Аз ин рӯ, барои ҳамаи масъалаҳои муҳим бояд мустақиман бо ҳуқуқшинос машварат кард.
"Ҳамаи маълумоте, ки дар ин ҷо пешниҳод шудааст, танҳо барои шиносоии умумӣ ва ҳадафҳои иттилоотӣ пешбинӣ шудааст. Ҳарчанд барои таъмини дақиқ, саривақтӣ ва боэътимодии маълумот кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд ҳам, нисбат ба пуррагӣ, дурустӣ ё татбиқшавии он ба ҳолатҳои мушаххас ягон кафолат ё итминон дода намешавад", — менависанд таҳиягарони "Moni".
Онҳо зикр мекунанд, ки қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ метавонанд тағйир ёбанд, бинобар ин, система тағйиру иловаҳои ахирро дар қонунгузорӣ дар бар гирифта наметавонад. Вале рӯйи ин масъала кор идома дорад.
Худи "Moni" тавре ки зикр мешавад, меомӯзад ва эзоҳу шарҳҳои корбарон ва касоне, ки аз он аллакай истифода мебарад, ба беҳтар кардани кори он ёрӣ мерасонанд.
Чӣ хел аз "Moni" дуруст истифода кунем?
Таҳиягарон зикр мекунанд, ки барои гирифтани ҷавоби дурусту боэътимод, саволро низ бояд дуруст таҳия ва пешниҳод кард.
Саволро тавре мебояд пешниҳод намуд, ки он тариқи зайл оғоз гардад:
- “Дар қонунгузорӣ доир ба... чӣ гуфта мешавад”
- “Кадом ҳуқуқу уҳдадориҳо...”
- “Дар Кодекси... чӣ пешбинӣ шудааст”.

Намунаи саволҳои дуруст
- Дар қонун дар бораи аз ҷониби корфармо ба таъхир гузоштани пардохти маош чӣ гуфта мешавад?
- Дар кадом ҳолатҳо метавон бидуни огоҳӣ аз кор даст кашид?
- Тибқи Кодекси шаҳрвандӣ иҷорагир чӣ гуна ҳуқуқҳо дорад?
- Ба расмият даровардани мерос тибқи қонун чӣ гуна амалӣ мешавад?
- Зимни боздошт аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд чӣ ҳуқуқҳо дорад?
- Барои ба қайд гирифтани шуғли соҳибкории инфиродӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Дар "Telegram-канал"-и "Moni" низ гуфта мешавад, ки замима, ҳуҷҷат таҳия намекунад ва намесанҷад ва танҳо бо қонунгузории Тоҷикистон кор мекунад. Он ба қонунгузории дигар кишварҳо дахл накарда, ақидаи шахсии худро баён намекунад ва танҳо меъёрҳои қонунро шарҳ медиҳад.



