Куштори донишомӯзи 10-солаи тоҷик ба дасти навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия дар мактабе дар канораи Маскав давоми беш аз як ҳафта дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар шадидан маҳкум шуда, мавҷи вокунишҳои тундро ба миён овард. Вокунишу изҳороти тоҷикону ҷаҳониён аксаран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби сокинони одӣ, фаъолони ҷомеа, зиёиёну адибон ва чеҳраҳои шинохта садо медиҳад.

Мушоҳида мешавад, ки куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола дар Русия, нисбат ба дохил, дар хориҷи кишвар бештар ва ҳам шадидтар маҳкум мешавад. Махсусан, сокинону “блогерон”-и Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистон, Доғистон, Чеченистон, Эрону Афғонистон ва ҳатто худи Русия ва дигар кишварҳо ҳодисаро маҳкум ва ҳамдардӣ баён кардаанд.

Мо дар ин матлаб вокуниши шахсиятҳои шинохта ва ё сермухотаби тоҷикон ва кишварҳои дигарро гирд овардем.

 

“Рахнае дар девори ҳувияту асолати миллӣ”

То ҳол ҳеҷ яке аз расонаҳои расмӣ ва мақомдорони тоҷик қазияро маҳкум, бозтоб ва ё шарҳ надодаанд. Аксар расонаҳои расмӣ бошад, баъди бо президенти Русия таҳқиқи ҳодисаро ба миён гузоштани Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон суханронии ӯро нашр ва аз ҳодиса ёдовар шуданд.

Дар Тоҷикистон чун “анъана” сокинони одӣ ва зиёиён изҳори назар карда, куштори кӯдаки даҳсолаи тоҷикро ба дасти навраси 15-солаи рус маҳкум мекунанд. Баъзеҳо шеър менависанду дигарҳо онро бозхонӣ ва ё таассуфу ҳамдардии худро баён карда, бархе ҳам омодагии хешро барои кумак ба хонаводаи марҳум изҳор доштанд.

Аз вакилони мардумӣ танҳо Муҷибахон Ҷавҳарӣ таассуфи худро дар чанд сатр баён карда, барои “аз оғӯши модар сероб набудан”-у тадрисро охир набахшидани ӯ ва хелеҳои дигар худу миллатро “бидеҳкор” (вомдор) номидааст.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ
Акс аз саҳифаи фейсбук

 

Ҳамчунин Ҳафиз Раҳмон, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик дар навиштае бо унвони “Таназзули маънавӣ” ин ҳодисаро “рахнаи басо намоишкорона, ошкоро ва рамзӣ дар девори ҳувияту асолат ва ҳисси миллӣ” хонда, онро “фоҷеаи фаротар аз як фоҷиа, фоҷиаи тамоми миллат” номидааст.

Ҳамчунин ӯ ишора кардааст, ки куштори бераҳмонаи кудаки 10-солаи тоҷикро нисбат ба дохили кишвар, дар хориҷи он “зиёдтар, бо лаҳни шадидтар ва ҷиддиву бо таҳлили жарф ва ҳазор бор илмитару баинсофтару густурдатару фарогиртар аз назари олимони мо” маҳкум карданд.

“Олимони сиёсатдону ҷомеашиноси мо хомӯшанд. Шояд як навиштаашонро ба даҳ ҷо бубаранд, то ки “хатое” нагузарад…”, - шиква кардааст ин адабпажӯҳи тоҷик.

Ӯ сарҳалқаи сабаби ин кушторро “нотавонии системаи давлатдории Русия” номидааст.

Ҳафиз Раҳмон

 

Аҳли адаби кишвар низ хомӯш набуданд ва шоирон дар ин робита шеърҳо иншо карданд. Аз ҷумла, сурудаҳои Озарахш ва Фарзона, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб, Фирдавси Аъзам, Бузургмеҳри Баҳодур ва дигарон дар фазои маҷозӣ мечархад, ки Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи тоҷик дубайтиҳои Озарахшу Фарзонаро қироат ҳам кардааст.

Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон пеш аз оғози консерташ ба ёди хотири Қобилҷон Алиев чанд лаҳза сукут эълон кард. Ӯ ба пайвандони марҳум изҳори таслият баён карда, гуфт, қатли Қобилҷон “дили ҳамаро об ва ҷигарашонро хун кард”.

Ҷӯрабек Муродов
Акс аз "Азия-Плюс"

 

Афзалшоҳ Шодиев, овозхони шинохтаи тоҷик низ эълон кард, ки шоми мусиқии худро, ки қарор буд рӯзи 22-юми декабр дар Ню-Йорки Амрико ва як барномаи дигареро дар Русия баргузор мекард, ба хотири ин фоҷеа мавқуф гузоштааст.

Ӯ ба оилаи марҳум изҳори ҳамдардӣ ва ба ҷазои сазовор гирифтани гумонбар умедворӣ карда, гуфтааст, “ин фоҷиа дунёро гирифт ва ба дили ҳама ғам овард”. Ба гуфтаи ӯ, тоҷикони Амрико маблағи “калон” гирд овардаанд ва ба модари Қобилҷон месупоранд.

Шаҳбоз Шарифов, “рэп”-сарои маъруфи тоҷик низ, ки бо номи “Шон МС” маъруф аст, баъди ин қазия “рэп”-и нави худро нашр кард, ки ба куштори ин кӯдак бахшида шудааст. Ӯ аввал ҳодисаро ба тасвир кашида, аз нажодпарастӣ дар Русия ва миллатгароӣ гуфтааст.

Уламои дин низ дар ин қазия хомӯш набуданд. Аз ҷумла Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии тоҷик ба модари Қобилҷон Алиев таслият баён карда, аз даст додани фарзандро дарди ҷонгудоз ва “имтиҳони Худованд” гуфтааст.

Ҳоҷӣ Мирзо
Намогирифт

 

Ҳамчунин, Дилшод Норкузиев, размикори тоҷик ва Шодрӯз Давлатов, варзишгари тоҷик, ки аз Русия баромад мекард, пирӯзии худро дар мусобиқоти “OCTAGON 83”, ки рӯзи 19-уми декабр дар Тошканд баргузор шуд, ба Қобилҷон Алиев бахшиданд.

 

“Натиҷаи мушкили системавии Русия”

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, мансабдорон, ҳамчунин варзишгарони Чеченистону Доғистон низ дар робита ба марги Қобилҷон Алиев изҳороти худро нашр карданд.

Аз ҷумла, Одам Қодиров, писари Рамазан Қодиров, ёвари роҳбари Чеченистон ва котиби шӯрои амнияти ин кишвар низ ба наздикони Қобилҷон Алиев изҳори ҳамдардӣ карда, ин ҳодисаро “натиҷаи мушкилоти амиқ ва ба таври низомманд шаклгирифта” номидааст.

Одам Қодиров
Акс аз РИА Новости

 

Ба гуфтаи ӯ, ҷинояткор дар боздошт аст ва итминон дорад, ки “барои ӯ сахттарин ҷазои дар қонунгузорӣ пешбинишуда таъйин хоҳад шуд”.

“Киҳо солҳо боз дар фазои иттилоотӣ нисбат ба мардуми Осиёи Марказӣ ва Қафқоз тухми нафрат мепарокананд? Баёнияҳои кӣ таассуб ва тоқатнопазириро таблиғ карда, зеҳни ҷавононро заҳролуд ва наврасонро ба воситаи бадӣ табдил медиҳад?”, - шиква кардааст ӯ ва таъкид сохтааст, ки “пас аз фоҷиа маҳз дар ҷамъиятҳои ин мубаллиғони адоват хотираи кӯдак ва андӯҳи хешовандонаш таҳқир шуд”.

Аммо ӯ ба таври мушаххас аз касе ва ё ҷамъияте ном набурдааст.

Одам Қодиров зарурати муқовимат бо миллатгароии дохилиро таъкид карда, боздоштани ин мавҷи тафриқаро зарур шуморидааст.

Апти Алоуддинов, фармондеҳи нерӯҳои вижаи “Ахмат”-и Вазорати мудофиаи Чеченистон, ки унвони қаҳрамони Русияро дорад, низ марги фоҷиабори хонандаи 10-солаи тоҷикро даҳшатнок хонда, ба волидонаш барои таҳаммули ин дард сабр хостааст.

Аммо ӯ кӯшидааст шарҳ диҳад, ки “ҷинояткорро набояд ҳамчун намояндаи як миллат муаррифӣ кард”, балки “қотилро ҳамчун қотил бояд шинохт”. 

Ӯ гуфтааст, онҳое, ки миллатро масхара мекунанд, бояд ба зиндон андохта шаванд. Ҳамчунин бо ишора ба онҳое, ки мехоҳанд бо ҳар роҳ масъаларо шиддат бахшанд, хоҳиш кардааст, ки “мавзуъро доман назанед”, то дар кишвар “таркиши иҷтимоӣ” ба амал наояд. 

Асҳоб Тамаев

 

Асҳоб Тамаев, блогери маъруфи чечентабор, ки чанде пеш ба Тоҷикистон омада, пойгаи мошин баргузор кард ва интиқод шуда буд, низ ба модар ва наздикони Қобилҷон Алиев ҳамдардӣ баён карда, ҳозир будани худро барои ҳар гуна кумак изҳор кардааст. 

Ӯ гуфтааст, бовар дорад, ба ҷинояткор барои ин ҷинояти сангин ҷазои зарурӣ таъин мешавад.

Аз доғистониён бошад, Шайх Аҳмад Афандӣ, муфтии Доғистон вокуниши худро нашр ва қазияро маҳкум карда, ба оилаи Қобилҷон Алиев кумак расонидааст. Ба иттилои роҳбари хадамоти муфтияти Доғистон, намояндаи муфтият аллакай бо модари кӯдаки кушташуда вохӯрда, ба ин хонавода кумак расонидааст.

Шайх Аҳмад Афандӣ

 

Ин идора ба хешовандону наздикони Қобилҷон изҳори ҳамдардӣ карда, дастгирии ин хонаводаро қарзи ахлоқӣ ва маънавии худ хондааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размкори шикастнопазири доғистонӣ аз саҳлангории расонаҳои Русия интиқод карда, хомӯшии онҳоро маҳкум кардааст.

“Дар як гӯшаи фурудгоҳ, дар ҷойе, ки чашмрас набуд, намоз хондани маро дар чандин саҳифаҳои телеграмӣ шарҳ доданд. Аммо дар бораи ҳамлаи ваҳшиёна дар мактаб ва кушта шудани кӯдак касе чизе нагуфт ва маҳкум накард. Аҷиб!”, - гуфтааст ин размикор.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов

 

Умар Кремлёв, президенти федератсияи байналмилалии муштзанӣ низ ба модари Қобилҷон изҳори ҳамдардӣ карда, гуфтааст, барои ҳар гуна кумаки молиявӣ дар ҳолати зарурӣ омода аст.

“Қобилҷон на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми ҷаҳон арзиш дошт. Ӯ фарзанди мо низ ҳаст”, - гуфтааст ӯ. 

 

“Ин танҳо қатл набуд…”

Блогер ва фаъолони Эрону Афғонистон низ бетараф набуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамдилии худро бо миллати тоҷик таъкид ва ба навраси кушташуда ва наздикони ӯ ҳамдардӣ изҳор мекарданд.

Яке аз блогерони эронӣ дар саҳифаи инстаграми худ ба пироҳани сиёҳи худ ишора карда, мегӯяд, эрониён агар азизеро аз даст диҳанд, либоси сиёҳ ба тан мекунанд.

“Мо имрӯз азизеро аз Тоҷикистон дар Русия аз даст додем, ки тавассути як шаҳрванди Русия ба қатл расид. Ғами шумо ғами мост. Шумо аз даст додед, ангор, ки мо аз даст додем”, - гуфтааст ӯ. 

Ораш Сайидӣ ном яке аз корбарони фаъоли эронӣ низ дар саҳифаи инстаграми худ фоҷиаи кушта шудани кӯдаки даҳсолаи тоҷикро, ки “на аз сиёсат медонисту на аз қавмияту нажод” оқибати қавмгароии ифротиву нажодпарастӣ номидааст.

Ӯ ҳамчунин ба ин нукта тамаркуз кардааст, ки “ин хабар бештар дар фазои маҷозии форсизабонон гардиш мекунад, ҳол он ки агар як донишомӯзи амрикоӣ, англис, чинӣ ва ё рус мебуд, бештар аз ин дар расонаҳои ҷаҳонӣ бозтоб мешуд”.

Аҳмад Фирӯзӣ
Аз манобеи боз

 

Аҳмад Фирӯзӣ, рӯҳонии афғонистонӣ низ кушторро маҳкум карда, бо ишора ба дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатнок гуфтааст, “вақте банда аз Худо дур мешавад, чӣ қадар ваҳшиву даранда мешавад ва ба кадом сарҳад мерасад”. 

“Касе ки ин корро кардааст, писаре ё духтаре дорад? Касе, ки ин корро кардааст, ин пулро ба куҷо сарф мекунад? Чӣ тавр ба чашмони ӯ нигоҳ ва ин корро кард?! Чӣ қадар ҳодисаи хатарнок аст?!”, - гуфтааст бо шиква ва таассуф ин рӯҳонӣ. 

Аҳмад Ризо Орифӣ ном блогери афғонистонӣ низ марги Қобилҷонро дар яке аз макотиби Русия, ҷое, ки бояд “амнтарин нуқтаи зиндагиаш мебуд”, шадидан маҳкум кардааст.

“Ин танҳо қатл набуд, балки шикастани ҳурмати кӯдакон, шикастани ҳурмати мактабу мадраса ва шикастани ҳурмати инсоният буд”, - гуфтааст ин блогер.

Ӯ бо ишора ба хомӯшии бонуфузтарин расонаҳои ҷаҳонӣ гила кардааст, ки чаро кушта шудани як мусалмони тоҷик зери парда мемонад, ҳол он ки “агар мусулмоне ин ҷиноятро содир мекард, фазои маҷозӣ ва расонаҳо аз барчаспҳои террористу ифротӣ пур мешуд”.

 

 

Сукути якдақиқаии бозигарони Ӯзбекистон

Ӯзбекистон аз зумраи кишварҳое буд, ки мавҷи вокунишҳои корбаронаш нисбат ба куштори хонандаи даҳсолаи тоҷик дар Русия фазои маҷозии ин кишварро пурра фаро гирифт ва аз ҷониби ҷомеа, журналистон, блогерон ва аҳли ҳунари ин кишвар тунд маҳкум шуд. Аксари онҳо ба ҳамсояву ҳамдилии ду кишвар ишора карда, Қобилҷонро фарзанди худ хонданд ва дар васфаш шеърҳо ҳам суруданд.

Гурӯҳи футболбозони ӯзбекистонӣ, ки дар ҳайати онҳо собиқ бозигарони маъруфи ин кишвар низ буданд, пеш аз як бозии худ дар мусобиқаи Bombbar Cup дар Амрико ба хотири Қобилҷон Алиев як дақиқа сукут карда, либоси варзишӣ бо тасвири акси Қобилҷон Алиев бар тан карданд.

Намогирифт

 

Бархе ба хотири ӯ хайр ҳам карданду мусаввирон бо хома аксҳои тавзеҳӣ тасвир мекарданд. Аз ҷумла, як гурӯҳи тарроҳии Ӯзбекистон асари тасвирие эҷод карда, ба хотираи Қобилҷон бахшиданд ва аз номи кулли санъаткорони Ӯзбекистон ба аҳли Тоҷикистон ҳамдардӣ карданд.

Ҳамчунин Ҷамъияти умра дар Тошкент ба модари Қобилҷон таслият карда, қарор доданд, ки Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷони ғӯрамаргро ба адои Ҳаҷ фиристанд.

Исфандиёр Бахтиёров, ҳунарпеша ва ровии ҷавони ин кишвар низ ба халқи Тоҷикистон ҳамдардӣ изҳор карда, шеъре бахшида ба куштор ва хотираи ӯ қироат кардааст. Ҳамчунин Бекмуҳаммад ном овозхони тоҷикзабони Ӯзбекистон бахшида ба Қобилҷон Алиев тарона ҳам суруда, ба тоҷикистониён ҳамдардӣ изҳор кардааст. 

Бояд гуфт, тамоми расонаҳои Ӯзбекистон куштори кӯдаки даҳсолаи тоҷикро дар Русия ба таври густарда бозтоб карданд.

 

Гузоштани гулу бозича пушти сафоратхонаҳо

Дар Қазоқистону Қирғизистон низ сокинон барои изҳори ҳамдилӣ ва таслият ба қатли Қобилҷони ғӯрамарг пушти сафоратхонаҳо гулу бозича ва варақаҳои хотиравӣ гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин вокуниши сокинон дар пушти сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Остонаву Бишкек расонаӣ шуд.

Назди Сафорати Тоҷикистон дар Остонаи Қазоқистон

 

Дамир Раҳимҷонов ном варзишгар аз Қазоқистон низ баъди пирӯзиаш дар мусобиқоти “OCTAGON 83” ба халқи тоҷик ҳамдардӣ изҳор кард. 

Дар яке аз шаҳрҳои Туркия бошад, соҳибкорон гӯшаи хайриявӣ ташкил карда, ба хотири Қобилҷон Алиев хӯроки ройгон тақсим карданд.

 

 

Эътирофи зуҳуроти миллатгароӣ дар Русия

Одам Делимхонов, яке аз вакилони чечентабори Думаи давлатӣ аввалин нафаре буд, ки аз ҷониби Думаи давлатии Русия ба куштори Қобилҷон Алиеви 10-солаи тоҷик дар яке аз макотиби вилояти Маскав вокуниш кард. Ӯ далели ин қазияро “натиҷаи таъсири идеологияи миллатгароӣ” номида “мавҷудияти зуҳуроти миллатгароёнаро дар Русия” эътироф кард.

Делимхонов ин ҷиноятро “бераҳмона ва ғайриинсонӣ” номида, аз номи вакилони Думаи давлатии Русия ва сенаторони чечении Русия ба наздикони Қобилҷон изҳори ҳамдардӣ кардааст.

“Касе, ки ин ҷинояти ваҳшатнокро содир кард, зери таъсири идеологияи заҳрогини миллатгароёна амал намудааст”, - гуфтааст ӯ.
Одам Дилимхонов
Акс аз РИА Новости

 

Ба қавли Делимхонов, солҳои охир созмонҳои гуногуни миллатпарастӣ ошкоро ҷомеаро заҳролуд карда, нисбат ба дигар миллатҳо дар Русия нафрат мепарокананд. 

“Ин торикандешон миёни халқҳо душманӣ барангехта, фарзандони моро ба ҳадафи пайравони нопоки худ табдил медиҳанд”, - гуфтааст ин мақомдори чеченӣ.

Ба қавли Делимхонов,  чанде пеш дар Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуне мувофиқа шудааст, ки тибқи он барои ҷалби ноболиғон ба фаъолияти террористӣ ё диверсионӣ ҷазо дар шакли маҳрумияти  якумрӣ аз озодӣ татбиқ мегардад. Ӯ гуфтааст, тибқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ аз рӯйи ин моддаҳо метавонад аз синни 14 оғоз шавад.

“Мо барои сахттарин ҷазо нисбат ба ҳамаи онҳое, ки байни халқҳо низоъ меафкананд, талош хоҳем кард”, - гуфтааст ӯ дар поёни сухани худ.

Фаълони ҷомеа, аз ҷумла блогерони рус низ куштори навраси даҳсолаи тоҷикро бар пояи миллатгароӣ тунд эътиқод ва маҳкум карданд.

Дар миёни мавҷи вокунишҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти бардурӯғ ё хабарҳои “фейкӣ” низ кам набуданд. Бархе сурудҳо ва ё наворҳои қаблан эҷодшуда дубора ба ин ҳодиса рабт дода шуда, ба фазои маҷозӣ печиданд.

Аммо ҳеҷ яке аз созмонҳои ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ, ба ҷуз Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва дигар созмонҳо, ки худро мудофеъи кӯдакон ва ё муборизони алайҳи хушунат меноманд, изҳороте нашр ва мавқеи худро ошкор накардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.