Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) аз кишварҳои узви созмон даъват ба амал овард, ки ҳадди ақали музди меҳнатро муқаррар созанд, то ки аз манфиатҳои қишри камбизоат ва кормандони осебпазир ҳимоят карда шавад.
Дар гузориши тозаи СБМ гуфта мешавад, ҳаҷми афзоиши музди меҳнат дар муқоиса ба афзоиши маҳсулнокии меҳнат ба таври назаррас камтар аст. Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки инро буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ сабаб мебошад. Ҳамин тариқ, агар соли 2007 ҳаҷми афзоиши музди меҳнат дар миқёси глобалӣ 3%-ро ташкил дода бошад, пас соли 2011 он ҳамагӣ ба 1,2% баробар шудааст.
«Мо рақами мушаххасеро номбар карда наметавонем, вале музди меҳнати ҳадди ақал бояд даромади шоистаро таъмин карда тавонад, то ки бо он зиндагии мӯътадил имконпазир буда, ҳамзамон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ монеъа эҷод нашавад ва дастрасӣ ба бозори меҳнат маҳдуд нагардад», - иброз доштааст роҳбари созмон Гай Райдер.
Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми сентябри соли равон ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал Тоҷикистон 2,5 маротиба афзуда, айни замон 200 сомонӣ (тақрибан 42 $)-ро ташкил медиҳад. Пеш аз ин ҳаҷми он ба 50 сомонӣ (10,5$) баробар буд.
Созмони байнулмилалии меҳнат як муассисаи махсуси СММ буда, ба масоили танзими муносибатҳои меҳнатӣ машғул аст. Аз 9 сентябри соли 1993 Тоҷикистон узви ин созмон буда, айни замон 185 кишвари дунё аъзои СБМ мебошанд.
Рӯзҳои ахир дар Афғонистон чӣ мегузарад: аз қатли оми тоҷикҳо то душманхонии Тоҷикистон
Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи июн: ҳарорат баъзан то 45 дараҷа гарм мешавад
Дар бархе аз маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мешавад
Гумонбари сеюми парвандаи куштори оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун низ аз баёноташ даст кашид
Дар конфронси парлумонии Боку раиси парлумони Тоҷикистон дар чӣ бора изҳори назар кард?
Туркманистонро боз 490 қазоқтабори дигар тарк мекунанд
Шиносномаҳои рӯзноманигори таҳқиқгари қирғиз Болот Темировро бекор кардаанд
Президенти Радиои Озодӣ ҳамла ба журналистонро дар Душанбе маҳкум кард
Куштани як марди 40-сола дар пайи як даргирӣ дар Мастчоҳ
Даргузашти Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии саршиноси кишвар дар синни 70-солагӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста