Сергей Наришкин, раиси маҷлиси Думаи русия хостори ихроҷи Амрико аз Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) шуд.
Бино ба гузориши сомонаи расмии ҲНИТ бо истинод ба хабаргузории РИА Новости, Наришкин дар мизи гирди байналмилалӣ дар Маскав ба номи «Буҳрони эътимод дар Аврупо» Амрикоро масъули аслии танишҳои ба вуҷуд омада дар минтақаи Аврупо донистаааст.
Раиси маҷлиси Дума гуфтааст, ба шарикони аврупоӣ пешниҳод мекунам, ки Амрикоро аз блоки НАТО ихроҷ кунанд. «Амрико барои манфиатҳои худ буҳрони Украинаро ба вуҷуд оварда,иқдомоту ҳаракатҳои Вашингтон монеи ҳаллу фасли ин масъала аст», - иброз доштааст С.Наришкин.
Гуфта мешавад, раиси маҷлиси Думаи Русия ҳамчунин изҳор доштааст, ки Амрико ва муттаҳидони ғарбии ин кишвар аз масъалаи Украина ба унвони дастовезе ва канор гузоштани Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ истифода мекунанд, вале ин талошҳо бенатиҷа хоҳад буд ва онҳо наметавонанд Русияро канор бибаранд.
Радиои “Озодӣ" дар бораи сулҳи тоҷикон китоб нашр кард
Тоҷикистону Туркманистон корхонаи муштараки коркарди нафт таъсис дода метавонанд
Дар марзи Қирғизистону Ӯзбекистон нақби махфие пайдо кардаанд
Дар Душанбе баҳри беҳбуди сатҳи огаҳии ҷавонон оид ба тағйирёбии иқлим «Climate Fresk» баргузор шуд
"Толибон" аз боз шудани гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхонбандар-Панҷи Поён хабар доданд
“Asian Express” бо автобус ба Русия мебарад, аммо на ҳамаро
Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон “сурхакони маймун” сабт нашудааст, ба таҳлука наафтед!
"Занги охир" намешавад, дарси синфҳои як 25 май тамом, дигарон то 1 июн дарс мехонанд
Дар як шабонарӯз доллар дар Тоҷикистон 30 сомонӣ арзон шуд
Ширкатҳои русӣ тобути шаҳрвандони Қирғизистонро аз Русия минбаъд ройгон меоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста