Хабаргузории Khaama Press иттилоъ медиҳад, ки дар Афғонистон Кобули нав сохтанианд, ки андозааш аз Кобули имрӯза ду баробар зиёдтар хоҳад буд.
Муовини роҳбари ташкилоти Kabul New City Development (KNC) Илҳом Умар Хотакӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки аллакай бо 5 ширкат оид ба сохтмони 55 ҳазор манзили зист созишнома ба имзо расидааст.
- Давоми 15 сол сохтмони 600 ҳазор манзил дар 840 километри мураббаъ, воқеъ дар қаламрави миёни фурудгоҳи Хоҷи Раваши Кобул ва фурудгоҳи Багром, ки пойгоҳи низомии ИМА мустақар аст, тарҳрезӣ шудааст, - иттилоъ медиҳад ТАСС .
Кобули нав барои 2,5 млн. нафар сокинон пешбинӣ шудааст. Корҳои лоиҳакашии сохтмони шаҳри нав 8 сол қабл ба итмом расида, дар таҳияи нақшаи генералии он коршиносони маҳалливу хориҷи саҳм гирифтаанд. Тибқи арзёбии пешакӣ, барои сохтмони шаҳри нави Кобул 80 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст.
Айни замон ширкатҳои ба ин лоиҳа ҷалбшуда розигии президенти Афғонистон ба оғози корҳои сохтмонро интизоранд. Дар ҳамин ҳол, андешаҳое низ изҳор карда мешаванд, ки дар сурати муташанниҷ шудани вазъ баъди хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, лоиҳаи Кобули нав шояд амалӣ нагардад.




Соли 2025 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо 14 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст
Русия дастрасӣ ба “WhatsApp”-ро пурра баст. Акнун муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон тамос гиранд?
Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд
Оғози Рамазон 19-уми феврал аст. Муфтӣ гуфт, ки чаро дар баъзе кишварҳо як рӯз пеш рӯза гирифтанд
Хадамоти алоқа: Акнун таҷҳизоти Starlink-ро метавон дар сомонаи ин ширкат сабтином кард
“Барқи тоҷик” ваъда дод, ки дар моҳи Рамазон дар як шабонарӯз ба аҳолӣ 17 соат барқ медиҳанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 29
“Ҳеҷ як парванда боз нашудааст”. Тоҷикистон касеро барои иштирок дар ҷанги Русия зидди Украина муҷозот накардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 феврали соли 2026
Фурӯпошии қудрати мувозӣ дар Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста