Мутобиқи дастури шӯрои давлатии Куба, дар робита ба марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, 5 сентябр рӯзи мотами расмӣ эълон шудааст. Дар ин бора портали Cubadebate-и ҳукумати ин кишвар иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, дар тамоми биноҳои ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои низомии ин давлат парчами давлатии Куба поин оварда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки маросими мотам соати 13:00 ба вақти Маскав оғоз ва то соати 07:00-и вақти Маскав идома меёбад.