Президенти Зимбабве Роберт Мугабе, ки аллакай муддати 35 сол сари салтанати ин кишвар қарор дорад, барои худ муҷассама ифтитоҳ кард.

Нашрияи The Zimbabwean рӯзи душанбе хабар дод, ки муҷассамаи президент 4 метр баландӣ дошта, дар он ӯ бо дасти бардошта ва айнак дар чашмон таҷассум ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин вазъи президенто ба қаҳрамони филми тасвирии «Симпсонҳо» муқоиса кардаанд.

Муаллифи муҷассамаи мазкур ҳайкалтароши маъруфи Зимбабве Дминик Бенхура мебошад. Ба гуфтаи худи президент, ҳайкалтарош ин муҷассамаро ба ӯ ба ҳайси як амали хайру эҳсонкорӣ эҳдо кардааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон Роберт Мугабе 92 сол дошта, дар замони ҳукмронии ӯ Зимбабве ба яке аз кишварҳои қашшоқтарини Африқо мубаддал шуд ва феълан дар вазъи душвортарини буҳрони иқтисодӣ қарор дорад.