Дароз кардани муҳлати президентӣ, поин бурдани синни номзадӣ ва таъсиси мақоми ду ноиби раисҷумҳур яке аз тағйироти аслӣ дар Қонуни асосии Озарбойҷонанд.
Бино ба иттилои сомонаи нашрияи «Фараж», бар пояи қонунгузорӣ, раъйпурсии ин кишвар баргузоршуда эълон гардид, зеро дар он беш аз 25%-и раъйдиҳандагон иштирок кардаанд. Рӯзи 26 сентябри соли равон дар Озарбойҷон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии ин кишвар раъйпурсӣ гузаронида шуд.
Шаҳрвандон дар 5 ҳазору 627 нуқтаи овоздиҳӣ раъй дода, раванди овоздиҳиро 53 ҳазору 531 нозир мушоҳида карданд. Шумори шаҳрвандоне, ки ҳаққи додани раъйро доранд, ба беш аз 5 миллион нафар мерасад.
Қонуни асосии Озарбойҷон алакай ду бор, солҳои 2002 ва 2009 иваз шудааст. Ин бор раъйдиҳандагон маҷбур набуданд, ки ба ҳамаи пешниҳодҳо “ҳа” ё “не” бигӯянд, балки метавонистанд, пешниҳодҳои алоҳидаро қабул ё рад кунанд.
Ба назари нозирон, ҳадафи аслии бештари иловаҳо мустаҳкам кардани қудрати оилаи ҳукумрон ва худи президент Алиев аст. Аз ҳама тағйироти муҳим ин дароз кардани муҳлати президентӣ аз 5 то ба 7 сол аст.
Президенти кунунӣ Илҳом Алиеви 54-сола, ки соли 2003 қудратро аз падари бемораш ба "мерос" гирифтааст, се бор дар интихоботҳои 2003, 2008 ва 2013 баранда эълон шудааст ва давраи раёсати он қарор аст, соли 2018 ба поён расад. Синну соли миёнаи номзад ба мақоми президентӣ, ки феълан 35-сола аст, лағв ва синни номзадҳо ба порлумон аз 35 то 18 коҳиш дода шуд.
Коршиносон ба ин назаранд,ки тағйироти мазкур маҳз барои писари президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиеви 18-сола сурат гирифт.
Дар ҳамин ҳол, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Озарбойҷон раъйпурсиро баргузоршуда эълон кардааст.




Ҳукми Фарҳод Назаров, омӯзгоре аз Левакант, ки хонандаро “шаппотӣ” зад, содир шудааст
Маркази патенту иттилоот мегӯяд, Тоҷикистон қариб 3600 ихтироъкор дорад. Онҳо чӣ навоварӣ кардаанд?
Бонки миллӣ гуфт, талош дорад се бонки Тоҷикистонро аз зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо раҳо кунад
Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд
Боздошти як мард бо иттиҳоми куштори хазинадори НФС- и "Азия-Нефт" бо зарби 20 корд
Муовини раиси Конибодом барои тақсими ғайриқонунии замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар вазифааш кор мекунад
"Ду моҳи дигар муҳлат доданд". Оҷонсии нафақа сабаби тӯл кашидани бақайдгирии нафақагиронро шарҳ дод
Боздошти як муовини комиссари ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 31
Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар нишасти ҷаҳонии "India AI Impact Summit 2026"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста