Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав таҳқиқи парванда нисбати сокини 39-солаи Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқуловаро ба анҷом расонид. Ин қазия дар ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор оварда буд.

Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки табибон Бобоқуловаро аз нигоҳи равонӣ бемор шуморида, аз ин рӯ ӯро табобати маҷбурӣ интизор аст. Ҳамроҳ бо маводи парванда муфаттишон ҳамчунин ба прокуратура қарор доир ба мавридди муолиҷаи маҷбурӣ қарор гирифтани ин дояро низ фиристодаанд.

Қобили зикр аст, ки давоми соли равон мақомоти суди шаҳри Маскав чандин маротиба муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқуловаро дароз кард. Ӯ ба қатли духтарчаи 4-сола дар Маскав моҳи феврали соли равон айбдор карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои "Аллоҳ Акбар!" дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.

Аввали моҳи апрел дар шабакаи интернет навори видео мунташир шуд , ки дар он гӯё гуфтугӯи дояи гумонбар ба қатли кӯдак дарҷ ёфтааст. Дар сабт зан Гулчеҳра Бобоқулова муаррифӣ шуда, рафтори худро ҳамчун қасосгирӣ барои бомбаборонкунии Сурия шарҳ медиҳад.

Ҳамчунин ВАО  иттилоъ дода буданд , ки шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст.