Собиқ президенти Исроил Шимон Перес дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора хабаргузории TojNews бо истинод ба Рейтерс ва Israel News Agency хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Шимон Перес соати 3:40 дақиқаи 28-уми сентябр ба вақти Тел-Авив дар беморхона ҷон дод. Шимон Перес ду ҳафта қабл 13-уми сентябр ба инсулт гирифтор шуда буд ва табибон вазъи ӯро хеле вазнин арзёбӣ карда буданд.

Перес аз соли 2007 то соли 2014 президенти Исроил буд. Инчунин ӯ қаблан ду дафъа дар вазифаи вазири корҳои хориҷии ин кишвар фаъолият мекард. Соли 1994 ба Шимон Перес ба хотири имзои созишномаи сулҳ бо мардуми Фаластин Ҷоизаи Сулҳи Нобел дода шуд. Перес яке аз охирон нафароне буд, ки дар ташкили давлати Исроил дар соли 1948 саҳм дошт.