ИМА ва Олмон бомбаборони "ваҳшиёна"-и шаҳри Ҳалаби Сурияро маҳкум карданд.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, нерӯҳои ҳавоии Сурия ва Русия ин шаҳрро бомбаборон ва сокинони осоиштаро мекушанд. Президенти ИМА Барак Обама ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи панҷшанбе суҳбати телефонӣ доштаанд.
«Ҳукумати Сурия ва шарикаш Русия барои қатъи ҷанг дар Сурия масъулияти махсус доранд, - гуфтаанд роҳбарони ИМА ва Олмон. Ин ду раҳбар афзудаанд, Маскав ва Димишқ масъуланд, ки оташбасро дар ин кишвар таъмин кунанд ва ба кормандони сохторҳои башардӯстонаи СММ иҷозат диҳанд, то назди сокинони шаҳрҳову деҳаҳои муҳосирашуда бираванд.
Роҳбарони ИМА ва Олмон ҳамчунин вазъи Украинаро баррасӣ кардаанд. Обама гуфтааст, ҷонибдори иҷрошавии созишномаи Минск аст.




Ихтисоси “ҳуши маснӯӣ” дар 8 донишгоҳ. Муҳассилини ин ихтисос чӣ меомӯзанд ва баъди хатм дар куҷо метавонанд кор кунанд?
Дар Кӯлоб пас аз марги як мард бародараш хонаи муттаҳамро бо трактор вайрон кардааст
“Минбаъд танҳо онлайн”. Тартиби нав барои дастрас кардани иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошин
Эътирофи камбуд дар кори таъмини сокинон бо барқ. 125 корманди барқ аз кор ронда ва 400 тани дигар ҷарима шудаанд
250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст
Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт
Нархҳо зери назорат: Хадамоти зиддиинҳисорӣ доир ба бозорҳои рақиби Тоҷикистон маълумот дод
“Ҳангомаҷӯӣ” ва “Посухи баробарсатҳ”. Вокуниши ду мансабдори тоҷик ба изҳороти баҳсбарангези Соловёв ва Дугин
Боздид аз зиндонҳо: Омбудсмен гуфт, зиндониён шароити табобат доранд
Эмомалӣ Раҳмон 47-умин солгарди Инқилоби исломии Эронро ба Масъуд Пизишкиён ва эрониён табрик гуфтааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста