Президент Владимир Путин дастур дод, ки "қонун дар бораи миллати Русия" эҷод шавад. Ин ҳуҷҷат чи нуктаҳоеро бояд дар бар гирад, вай дақиқ накардааст, аммо афзудааст, ки қонуни мазкур метавонад ҳамчун идомаи дурнамои рушди муносибатҳои миллӣ қабул шавад.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, вай ҳамчунин гуфтааст, ки бояд "ниҳоди федеролӣ"-е барои "мутобиқгардонии иҷтимоӣ"-и муҳоҷирон дар Русия, таъсис шавад.

Соли 2012 Путин "дар бораи дурнамои сиёсати миллии Русия то соли 2025" фармон имзо карда буд. Дар он ҳуҷҷат зарурати "ҳифз ва рушди гуногунфарҳангии халқҳо" зикр шудааст.

Баъдтар Оҷонсии федеролӣ дар умури миллатҳо таъсис шуд ва Путин ба ин ниҳод дастур дод, ки "ягонагии халқҳои Русияро тақвият диҳад". Соли 2008 президенти Русия худро "миллатгарои рус ба маънои мусбаташ" унвон кард.

Ҳоло дар ҳудуди Русия наздики 200 намояндаи халқҳо зиндагӣ мекунанд.