Номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп бо касби 277 овоз президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд.

Бино ба маълумоти пойгоҳи шабакавии соҳавии Real Clear Politics, рақиби ӯ Ҳилларӣ Клинтон 218 овоз ба даст овардааст. Доналд Трамп президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд. Назарсанҷиҳо шикасти Трампро пешгӯӣ мекарданд, вале ӯ дар интихобот ғолиб омад.


Бино ба иттилои РИА Новости, Трамп тасдиқ кардааст, ки Ҳиллари Клинтон ба ӯ занг зада, ғолиябияти ӯро эътироф ва онҳоро бо пирӯзӣ табрик кардааст.