Хадамоти федералии амнияти Русия аз боздошти боз як "гурӯҳи харобкор"-и вазорати дифои Украина дар Қрим хабар дод, ки, ба гуфтаи ин ниҳод, нақшаҳои харобкорӣ дар муассисаҳои низомии Қрими ишғолшударо омода мекард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти федеролии амнияти Русия, намояндаи хадамот гуфтааст, ки аз боздоштшудаҳо дар Севастопол дастгоҳҳои инфиҷорӣ бо нерӯи бузург, силоҳу тир, васоили хоси иртиботӣ, харита ва нақшаи харобкориҳо мусодира шуд.

"Ҳеҷ харобкори украинӣ дар Қрим вуҷуд надорад ва ФСБ мисли ҳамеша мехоҳад ҳамаро гумроҳ кунад", - гуфт Андрей Лысенко, намояндаи Вазорати дифои Украина.

Моҳи августи соли равон Хадамоти федеролии амнияти Русия аз боздоши як "гурӯҳи харобкори украинӣ" гузориш дода буд, ки гӯё мехост дар Қрим амалҳои террористӣ анҷом диҳад.

Президенти Русия Владимир Путин Киевро ба гузаштан ба террор муттаҳам кард ва таҳдид кард, ки аз амалҳои ҷавобӣ кор мегирад. Мақомоти Украина иттиҳомро рад ва онро тавтеаи ҷониби Русия унвон карданд. Дар заминаи ин қазия ду шаҳрванди Украина боздошт шудаанд.