Зимни вохӯрӣ бо Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон муовини нахуствазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Гаоли ба ҷонибдории густариши ҳамкории кишварҳо дар доираи ташаббуси «Як камрабанд ва як роҳ» изҳори назар кардааст.

«Пас сафари моҳи январи раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои бисёрҷонибаи шарикии Чину ва Эрон ба марҳилаи нави рушди босуръат ворид шуданд», - гуфтааст Чжан Гаоли дар Пекин зимни вохӯрӣ.

Бино ба иттилои хабаргузории «Синьхуа», ҳамкории мутақобилаи судманди кишварҳо дар самти амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда зимни ин сафар ба пешрафтҳои робитаҳо дар бахшҳои сиёсат, энергетика, зербино ва соҳаи гуманитарӣ имкон додаанд.

Дар навбати худ Муҳаммад Ҷавод Зариф изҳор доштааст, ки «барои Эрон Чин дӯстест, ки метавон ба он такя намуд». Ӯ ҳамчунин муносибати фаъолонаи ҷониби Эрон дар самти иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда миёни сарони кишварҳо баҳри бунёди ташаббуси «Як камарбанд ва як роҳ»-ро қайд намудааст.